Сиёсати ҷавонон

- -
- 100%
- +
Пас аз бартараф гардидани нофаҳмиҳо ва равишҳои маҳдуди классикӣ оид ба муайян кардани ҷавонон, инчунин мафҳумҳои маҳдуди эмпирикӣ, ки ба бисёре аз мактабҳои ювенологӣ хос мебошанд, тадриҷан ба гурӯҳи иҷтимоӣ-демографӣ назари васеътар ташаккул ёфт.
Ҷавононро ҳамчун субъекти илм бисёре аз олимони хориҷӣ ва ватанӣ, аз қабили Н. М. Боенко, Р. Григорьева, И. Илинский, М. Михайлова, Митева П., Нехаева В. В., Новикова Т., Радионова В. А., Раҳимов И. Х., Миралиён Қ. А., Икромов Ғ. Х., Тураева З. Н., Ҳоидбоев Ф. А. ва дигарон омӯхтаанд, ки борҳо зарурати омӯзиши амиқи ин гурӯҳро ҳамчун воситаи муҳим ва калидӣ дар самти беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи муосир таъкид кардаанд.
Лисовский В. Т. яке аз аввалинҳо шуда мафҳуми «ҷавонон» -ро муайян кард: «Ҷавонон — насле мебошанд, ки марҳилаи иҷтимоишавиро (сотсиализатсияро) гузашта, қобилияти азхудкунии функсияҳои (вазифаҳои) омӯзишӣ, касбӣ, фарҳангӣ ва дигар падидаҳои иҷтимоиро дошта ва онҳоро дар калонсолӣ аз худ карда ба ҳисоб мераванд; вобаста ба шароити мушаххаси таърихӣ нишондодҳои синнусолии ҷавонон метавонанд аз 16 то 30 сола бошанд» [4, с. 38].
Ҳамчунин, аз ҷониби олимони болозикр муайян гардидааст, ки ҷавонон — дар дигаргунсозиҳо ва навовариҳои иҷтимоӣ қувваи бузург ва субъекти муҳим мебошанд. Ин қувваро мебояд оқилона истифода бурд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки намояндагони гурӯҳҳои ҷавонон аз рӯи минтақа ва сатҳи азхудкунии таҳсил ва фарҳанг фарқ мекунанд ва ба таълиму тарбия низ, таваҷҷуҳи гуногун доранд. Аммо талабот нисбат ба ҷавонон, дар умум яксон аст ва на ҳама ба онҳо тоб оварда метавонанд.
Ба ақидаи М. Илинский — ҷавонон арзиши асосӣ ва навъи махсуси ҷамъиятӣ мебошад; ин на танҳо як мафҳуми демографӣ аст, балки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ низ мебошад; ин падидаи воқеии ҷамъиятиест, ки ҳамеша ҳамчун зергурӯҳи бузургу мушаххаси синнусолӣ боқӣ мемонад, барандаи неруи бузурги зеҳнӣ ва қобилияти махсуси эҷодӣ мебошад [5, с. 108].
Дар ҳақиқат, ҷавонон қисми ҷудонопазири дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошанд, онҳо қудрати бузург ва иқтидори инноватсиониро барои ташаккули ҳама гуна шаклҳои сохти давлатӣ ташкил медиҳанд, аз ин рӯ бояд аз ин манбаъ хеле бодиққат ва самаранок истифода намуд.
И. С. Кон: Ҷавонон — гурӯҳи иҷтимоию—демографие мебошад, ки дар асоси маҷмӯи нишондодҳои синнусолӣ ва хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва шароитҳои иҷтимоию психологӣ муайян карда мешаванд [6, с. 478].
Ҷавонон чун як қишри муҳимми ҷомеа мавриди омӯзиши илмҳои гуногуни ҷамъиятшиносӣ қарор дошта, ҳар кадом мувофиқи самт ва ё равиши худ мафҳуми «ҷавонон» -ро баррасӣ мекунанд. Аммо дар умум мафҳуми ҷавононро чунин мқарра кардан мумкин аст: «ҷавонон — гурӯҳи иҷтимоӣ-демографӣ ва ташаккулдиҳандаи низомҳо буда, қишри нисбатан пурҳаракат, эҷодкор, аммо осебпазири аҳолӣ мебошад» мебошад. Шахси ҷавон нерӯ, қувва ва тавоноии бештар ва қобилияти зуд мутобиқ шудан ба шароити ҷомеа ва мувофиқи низоми сиёсиву иқтисодӣ хоситяи дигаргун шуданро дорад.
Ба омӯзиши васеи мушкилоти ҷавонон ва ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ ювенологҳо машғул шудаанд. Дар шароити омӯзиши мушкилоти гуногунҷанбаи ҷавонон дар муҳити илмӣ соҳаи нави дониши маҷмӯии байнифаннӣ — ювенология, илм дар бораи наврасон, ҷавонон (juventilis лот.: ҷавонӣ, наврасӣ; logos дониш) падид омад [7].
Ювенология ба дониши маҷмӯии байнифаннӣ дар бораи раванди рушди насли наврас дар робита бо падидаҳои иҷтимоӣ—иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва физиологӣ асос ёфтааст, ки онҳо ба ташаккулёбии шахсияти баркамол мусоидат мекунанд. Ин фанҳо демография, ҷамъиятшиносӣ (сотсиология), биология, равоншиносӣ (психология), сиёсатшиносӣ, иқтисод, ҳуқуқшиносӣ ва ғайра мебошанд.
Мактаби илмии ювенология дар солҳои 90-ум дар Федератсияи Русия маъруфият пайдо кард, аммо оғози ташаккулёбии ин илм ба солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд. Яке аз муассисони он Е.Г.Слутский соли 1996 ташкили Академияи ювенологияро ташаббус мекунад, ки ба он олимон ва таҷрибаомӯзони 25 шаҳри Русия шомил мегарданд [8, с.66]. Дар идомаи омӯзиши мушкилоти ҷавонон, соли 2004 монографияи дастаҷамъии «Ювенология ва сиёсати ноболиғон дар асри 21: таҷрибаи омӯзиши байнисоҳавӣ» дар Санкт-Петербург таҳти таҳрири Е.Г.Слутский нашр мегардад. Дар монография предмети омӯзиши ноболиғон ҳамчун ҷанбаҳои гуногун, унсурҳои равандҳо ва падидаҳои ювенологӣ, ки бо хусусияти объекти назариявӣ ва эмпирикӣ — шахс (гурӯҳ) ба «ҷаҳони калонсолон» ворид мешавад, муайян карда мешавад [9, с. 27].
Тибқи назари О. В. Лукичев ювенология — ин илми гуманитарӣ (инсондӯстӣ) мебошад, ки донишҳои табиии илмии ҷамъиятиро дар бораи шахсони ҷавон ва ҷавонон муттаҳид мегардонад. Олим ювенологияро хамчун илми мустакил муайян мекунад, ки сохтори ба худ хосе чун методология, феноменология ва праксеология дорад [10, с. 38].
Асоси ювенологияро ҳамчун илми байнисоҳавӣ нишондиҳандаҳои зерин ташкил медиҳад:
— ҳамкории ҷомеа ва ҷавонон;
— махсусияти муносибатҳои байни ҷавонон ва давлат;
— ҷавонон ҳамчун манбаи дигаргунсозиҳои вазъи ҷомеа;
— ҷавонон ҳамчун захираи меҳнатии ояндаи ҷомеа;
— ҳамкории ҷчавонон бо дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ.
Воқеан, дар Русия, махсусан дар даҳаи аввали асри 21, ювенология ба марҳилаи устувор ворид мешавад. Дар сатҳҳои гуногуни ҳукумат ва ҷомеа ва дар байни олимони соҳаҳои гуногун омӯзиши ҷавонон торафт маъмул мегардад. Дар ин давра чи дар Русия ва чи дар дигар давлатхои пасошуравӣ истилоҳҳои нави илмӣ ва фаннӣ бештар истифода мешаванд: ҳуқуқи ҷавонон, адлияи ҷавонон, тибби наврасон, кори иҷтимоӣ бо ҷавонон ва ғайра.
Дар гурӯҳи мактабҳои олии Русия масъалаи омӯзиши ювенология ба роҳ монда мешавад ва аз рӯи ихтисоси нави «Кор бо ҷавонон» мутахассисон тайёр карда мешаванд. Масалан, дар Донишгоҳи давлатии технология ва дизайни Санкт-Петербург кафедраи омӯзиши ювенология фаъолият менамояд, мувофиқан дар доираи он фанҳо ва нақшаҳои таълимии алоҳида ҷорӣ мегардад, ки шоёни таваҷҷӯҳи махсус мебошад [11, с.386].
Новобаста аз ҷанбаҳои мусбати омӯзиши ювенология, махсусан дар Русия, татбиқи фаъолонаи он ҳоло ҳам таваҷҷуҳи хосса талаб мекунад. Зиёда аз 50 сол мешавад, ки масъалаҳои ташаккули илмии ҷавонон бодиққат омӯхта мешавад, аммо то ҳол ювенологияро ҳамчун илми ташаккулёфта ҳисоб кардан номумкин аст. Бахусус дар Тоҷикистон, ки то ҳол ягон муассисаи илмӣ ё таълимӣ ба ин масъала ҳамчун илм ва ё фани мустақил машғул нагардидааст.
Ҷавонон ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеашиносонро ҷалб кардааст. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди донишҳо дар бораи ҷавонон хусусияти иҷтимоӣ-гуманитарӣ дорад, ки таваҷҷуҳро ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ бештар мегардонад.
Омӯзиши зиёди мушкилоти иҷтимоии ҷавонон як фанни тамоман навро ба вуҷуд овард — «Сотсиологияи ҷавонон», яъне илм дар бораи ҷамъияти иҷтимоии фарди ҷавон. Сотсиологияи ҷавонон ҳамчун илм аз се марҳила иборат аст: 1) умумиметодӣ — дониши иҷтимоӣ ва феноменалии ҷавонон; 2) назариявӣ-иҷтимоии махсус, ки ҷавононро ҳамчун гурӯҳи алоҳидаи иҷтимоию демографӣ меомӯзад; ва 3) эмприкӣ (таҷрибавӣ) — таҳлили вазъи ҷавонон дар асоси омилҳои собитшаванда дар соҳаҳои дахлдори ҳаёт [12, с.5—6].
Дар ташаккули сотсиологияи ҷавонон олимонба монанди И.С.Кон, М. Титма, Ю. Г. Волков, Е.Г.Слутский, Г.И.Хмара, Ю.В.Манко, К.М.Оганян, И. Валев, П. Митяев, М. Семов, В. Фридрих, У. Старке, И. Рихтер, З. Бекели ва дигарон саҳм гузоштаанд [13].
Ҷомеашиносон мушкилоти ҷавононро нисбатан васеъ меомӯзанд, аз ҷумла: ҷавонон дар системаи донишҳои сотсиологӣ; асосҳои назариявии мушкилоти иҷтимоии ҷавонон; маданият ва тамоюлҳои рушди ҷавонон; мушкилоти меҳнат ва шуғли ҷавонон; ҳаёти маънавии ҷавонон; тамоюли ҷавонон ба дин; мушкилоти демографии ҷавонон; инкишофи ҳаракатҳои ҷавонон; ҷавонон дар сохти иҷтимоию сиёсии ҷомеа; низоъ дар доираи ҷавонон ва ғайра, ки ин масъалагузориҳо барои таҳлили амиқи иҷтимоишавӣ ва рушди сиёсии ҷавонон имкон медиҳад.
Масъалаҳои сотсиологияи ҷавонон хеле муфассал дар маводи таълимии «Сотсиологияи ҷавонон: китоби дарсӣ», ки соли 1996 зери таҳрири В. Т. Лисовский чоп гардидааст, ҳамчунин дар асарҳои Ю. В. Манко ва М. Оганян «Сотсиологияи ҷавонон: маводи таълимӣ» (Санкт-Петербург: 2008) инъикос ёфтаанд.
Тибқи Энсиклопедияи Сотсиологии Русия сотсиологияи ҷавонон дар соли 1999 мақоми фанни илмиеро касб мекунад, ки ҷавононро ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ бо хусусиятҳои иҷтимоӣ—демографии онҳо (сарҳадҳои синнусолӣ, сохтор, динамика) бо назардошти маҷмӯи нишондодҳои объективӣ ва субъективӣ, ҳамчунин робита ва муносибатҳои онҳо бо дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ меомӯзад [14, с.97].
Мактаби сотсиологияи ҷавонон дар самти худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон дар шароити таҳаввулоти ҷомеа ва иштироки онҳо дар рушди институтҳои ҷамъиятию сиёсии давлатӣ асарҳои зиёд ва василаҳои хеле мукаммал эҷод (таҳия) мекунад. Аммо ин асарҳо дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нопадид боқӣ мемонанд; Дар даҳсолаҳои охир бо ин масъалаи барои ҷомеаи муосир муҳим чӣ ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, ҳуқушиносон ва ё маъмурон хеле кам машғул мегарданд. Масалан, дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар ҷомеаҳои илмӣ ва таълимӣ мафҳуми институти сотсиологияи ҷавонон амалан вуҷуд надорад.
Дар шароити рушди иҷтимоӣ олимон ба гурӯҳи коргарҷавонон диққати махсус додаанд. Онҳо ҷавононро ҳамчун қувваи асосии корӣ мешуморанд, ки иқтидори ба зудӣ ба бозори меҳнат мутобиқ шудан ва дар шуғл ва вазъи иқтисодӣ ба муваффақият ноил шуданро доранд.
Д. Колб (олими амрикоӣ) чор марҳилаи бебозгашти шуғлмандии ҷавононро муайян кардааст: таҷрибаи мушаххас; мушоҳида ва мулоҳиза; ташаккули консепсияи назорат (дидан) ва арзёбии интизориҳо; таҳлили оқибатҳои консепсия [15, с.56].
Марк Смит гурӯҳи ҷавонони коргарро бо тарзи дигар — алоқаманд бо таълим ё таҳсилот тавзеҳ медиҳад. Тибқи назри ӯ, таълими амалӣ ба се хусусият асос ёфтааст: 1) Одамон беҳтар меомӯзанд, агар беовиста ба таълими (омӯзиши) амалӣ ҷалб карда шаванд; 2) Дониш ба таври инфиродӣ ташаккул меёбад, агар он барои ҷавонон аҳамияти назаррас дошта бошад ё рафтори онҳоро тағйир диҳад; 3) Майлу кӯшиши шахс ба омӯзиш вақте зиёд мешавад, ки вай дар муайян кардани (интихоби) мақсадҳои таълимии худ озод аст ва қодир аст, ки ба амалисозии онҳо ба муваффақият ноил гардад [16, с.55].
Ашӯров С. Б. дар натиҷаи кори илмии худ зарурати татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар заминаи рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши иқтидори инноватсионии ҷумҳурӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва таъмини шуғли пурсамари қувваи кории кишвар, бахусус ҷавонон асоснок мекунад [17, с. 123].
Бо назардошти таҳлилҳои боло метавон гуфт, ки масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва шуғли онҳо дар ҷомеа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, воқеан ҳам хеле муҳим аст, зеро ин гурӯҳ қувваи кории асосии кишварро ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҷавонон ва ҷомеа андешидани таҳлилҳои иловагӣ ва тадқиқотҳои илмию методӣ боз ҳам тақозо мегардад.
Омӯзиши табиати ҷавонон ва муносибатҳои онҳо дар ҷомеа, иштирок дар дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлат, ҳамгироӣ ба талаботи ҷаҳони муосир ва талаботи рӯзафзуни системаҳои сиёсиро идома дода, мо ба ташаккули сиёсати муносиб ё махсус нисбат ба ҷавонон наздик мешавем.
Гузашта аз ин, ҷавонӣ ё наврасӣ, ин як амал нест, балки маҷмӯи муносибатҳоест, ки давраи мушаххаси инкишофёбии инсонро аз кӯдакӣ то ба камолот дар бар мегирад. Аз ин рӯ, мо бо таҳқиқи донишҳо дар бораи ин муносибатҳо, аз ҷумла омӯзиши муносибатҳои рафтории (интизомии) ҷавонон бо давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба асосҳои илмии ин масъала — илми соҳаи сиёсати ҷавонон рӯ меорем.
Омӯзиши пуршиддати табиати ҷавонон ва муносибатҳои онҳо дар ҷамъият, иштирок дар дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлат ва ҷомеа, афзоиши талабот ва эҳтиёҷоти онҳо нисбат ба ҳокимияти давлатӣ масъалаи ташаккули сиёсати ҷавононро пеш мегузорад.
Сиёсати ҷавонон — ин системаи маҷмӯи тадбирҳои интизомӣ мебошад, ки дар раванди инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон ба ташкили шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, таълимӣ, тандурустӣ ва дигар шароитҳо равона гардидааст. Гузашта аз ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ғояи иштироки ҷавонон дар татбиқи (амалисозии) масъалаҳои худ, аз ҷумла фаъолнокии сиёсӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарчи бештар таблиғ мешавад.
Сиёсати давлатии ҷавонон — ин сиёсате байнисоҳавиест, ки аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ, вазорату идораҳо, аз қабили вазоратҳои маориф, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Масъалаҳои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асарҳои Асадуллоев Р. Н., Ашӯров С. Б., Набиев В. М., Ҳакимов Ш., Раҳимов И., Тураева З. Н., Ҳойидбоев Ф. А., Миралиён Қ. А. ва дигар олимони ватанӣ баён шудаанд [18]. Ин олимон нақши ҷавононро дар шароити демократикунонии ҷомеа, тарбияи сиёсии ҷавонон, равандҳои таърихӣ ва марҳалаҳои ташаккули сиёсати ҷавонон, масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути системаи махсуси идоракунӣ, сохтори мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, таҳкими иқтидори ташкилотҳои ҷавонон, дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ва ғайраро то андозае омӯхтаанд.
Мактаби ватании «Сиёсати ҷавонон» дар ҳақиқат шароитҳое зиёде фароҳам овардааст, ки ба ташаккул ва рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, аммо иқтидори он дар қиёс бо мактабҳои аврупоӣ ва русӣ хеле заиф арзёбӣ мешавад. Танҳо далели он, ки дар ин кишварҳо ин соҳа (сиёсати ҷавонон) аллакай ҳамчун як фанни илмӣ ва таълимӣ ҷорӣ шудааст, ин иддаъоро тасдиқ мекунад. Аз ин рӯ, идомаи пажӯҳишҳо, мутаносибан рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон тавассути таҳияи механизму технологияҳои муосир ва татбиқи он ҳамчун як фанни илмӣ ва таълимӣ саривақтӣ арзёбт мегардад.
Дар ин замина, дар баъзе кишварҳо олимон ва сиёсатмадоронро як рисолати муштарак муттаҳид мегардонад — омӯзиши ҷавонон на ҳамчун як фард, балки ҳамчун субъкти сиёсат. Мутаносибан, дар гурӯҳи кишварҳо институтҳои сиёсати ҷавонон таъсис ёфтаанд, вале бо шаклҳои гуногун ва равишҳои ташкилии хос — дар ҷое дар шакли муассисаи давлатӣ ва дар ҷои дигар ҷамъиятӣ, вале ҳадаф як аст, — омӯзиши ҷавонон ва сиёсати ҷавонон, таҳияи тавсияҳо оид ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон. Аз ҷумла:
— Донишгоҳи ҷавонони Чин оид ба илмҳои сиёсӣ — соли ташкилёбӣ — 1985, мутахассисони соҳаи кор бо ҷавононро бо фарогирӣ бо донишу малакаи идоракунии муосир омода месозад. Ба ғайр аз ин дар донишгох Институти илмӣ-тадқиқотии психологияи ҷавонон ва Институти илмӣ-тадкикоти сиёсати ҷавонон фаъолият мекунанд. Дар Донишгоҳ донишҷӯён аз тамоми ҷаҳон таҳсил мекунанд ва барои донишҷӯёни хориҷӣ шариоти махсус фароҳам оварда шудааст [19];
— Институти фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Новосибирски Федератсияи Русия — соли таъсис-2003. Институт ба тайёр кардани кадрҳо оид ба сиёсати ҷавонон ва кори иҷтимоӣ машғул мебошад [20];
— Институти илмии ҷавонон дар Калифорния (ИМА) аз соли 1953 инҷониб фаъолият дошта, доираи васеи барномаҳои таълимиро барои ҷавонон пешкаш мекунад [21];
— Институти Тадқиқоти Ҷавонони Коннектикут (ИМА) аз соли 1996 инҷониб дар соҳаи рушди сарварии ҷавонон, пешгирии таваккалҳо ва тағйироти иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Он ҷавононро барои пешбурди фаъолиятҳои гуногун дар байни ҳамсолони худ таълим медиҳад ва омода мекунад, барномаҳо ва модулҳои ташаббусҳои ҷавононро таҳия мекунад, тадқиқот мегузаронад ва модулҳоро барои таълимм интерактивии ҷавонон дар самтҳои гендер, фарҳанг ва балоғатрасӣ таҳия мекунад [22];
— Институти ҷавонони Олмон — соли 1963 таъсис ёфта, дорои 170 омӯзгор буда, дар самти дастгирии кӯдакон, ҷавонон ва оилаҳо фаъолият мекунад. Он масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва оилаҳоро меомӯзад, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар сатҳи ҷомеа ва сиёсӣ тавсияҳо таҳия мекунад, ба муассисаҳои давлатӣ машваратҳои сиёсӣ медиҳад ва ба бахшҳои сеюм аз ҷиҳати амалӣ ва махсус хизматрасонӣ менамяод [23].
Чи тавре мебинем, усулҳои илмӣ ба сиёсати ҷавонон, асосҳои назариявӣ, таҷрибавӣ ва амалӣ, иқтидори тадқиқотию таҳлилӣ дар ҳошияи рушди илми ин соҳа хеле барвақт (50—70 сол қабл) ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар муассисаҳо ташкил карда шудаанд, ки ҷавононро дар доираи сиёсати ҷавонон ва омодагӣ ба ҳаёту фаъолияти мустақилона меомӯзанд ва таълим медиҳанд. Аз ин рӯ, таълими сиёсати ҷавонон ҳамчун як фанни алоҳида бахусус дар шароити Тоҷикистон, ки кишвари ҷавонтарини ҷаҳон аз лиҳози аҳолӣ ба ҳисоб меравад, саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Гузашта аз ин, имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки бо ҷавонон сарукор надошта бошад, аз ҷумла дар соҳаи маориф — таълим ва омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва омӯзгорони ҷавон (истифода ҳамчун омӯзор), мудофиа — тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон (истифода ҳамчун сарбоз), ҳифзи ҳуқуқ (ВКД, прокуратура ва ғ.) — тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ҳуқуқию сиёсии ҷавонон (истифода ҳамчун сарбоз ва субъект), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ — ҳифзи манфиатҳо, тарбияи идоракунӣ, сиёсӣ ва кадрӣ (истифода ҳамчун идоракунанда), ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ — тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ (истифода ҳамчун актори иҷтимоӣ, иштирокчӣ), ташкилотҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла тиҷорат, сохтмонӣ ва кишоварзӣ — омӯзиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, мустақилияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (истифода ҳамчун қувваи асосии корӣ) ва ғайра.
Аммо дар кадом вазъ ё ҳолат метавон аз иқтидори фарди ҷавон босамар истифода бурд ва ё ӯро дуруст роҳнамоӣ намуд? Танҳо дар сурати доштан ё омӯхтани дониш ва малака оид ба идоракунии ҷавонон, методҳои таълиму тарбияи муосири онҳо, усулҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сиёсию иҷтимоии онҳо ва дар маҷмӯъ сиёсати ҷавонон ва роҳу усулҳои татбиқи он. Яъне, маъмурони оянда ва имрӯзи аксари ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро зарур аст, ки вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳу усулҳои татбиқи самарноки он дониш омӯзанд ва маълумоти касбӣ гиранд. Илова бар ин, вақти он расидааст, ки дар бахши кор бо ҷавонон, занон, оила ва робита бо ҷомеа мутахассисони касбии соҳаи кор бо ҷавонон омода карда шаванд. Ин натанҳо тақозои илми сиёсӣ, ҷомеашиносӣ ва идоракунӣ аст, балки талаботи Конститутсия, қонунгузорӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоши рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Ҷавонон дар сатҳҳо ва соҳаҳои гуногун ҳамчун як воқеият ва субъекти махсусан муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, ки дар барои омӯхтан ва муайян кардани қадамҳои эҳтимолии рушди онҳо ҳамеша равишҳои наву замонавӣ омӯхта мешаванд, ки дар натиҷа ба рушди тамоми башарият хизмат мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар шароити қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои ҷавонон зарурати ташаккули низоми муносибатҳои муносиби давлат ва ҷавонон ба миён омад, ки он сиёсати давлатии ҷавонон ном гирифт.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷаҳони муосир дар шароити пеш омадани дигаргуниҳои бошиддат ва демократикунонии ҷомеа беш аз пеш, ки ояндаи он имрӯз муайян карда мешавад, зарур мегардад.
Ҷавонон ҳамчун субъекти асосӣ ва ҳам объекти сиёсати давлатӣ дар айни замон бештар осебпазиранд ва ба таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва дастгирии доимӣ ниёз доранд. Дар ҷаҳони имрӯза, мутаассифона, на ҳама вақт ба насли наврас таваҷҷуҳи лозима дода мешавад, ки дар натиҷа як қатор мушкилот, аз ҷумла иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, каҷравӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин мураккабии мушкилот амалӣ намудани сиёсати давлатиро нисбат ба ҷавонон тақозо мекунад, зеро масъалаи ҷавононро ягон ниҳоди давлатӣ ё низоми маъмурӣ дар танҳоӣ ҳал карда наметавонад.
Масалан, маҷмӯи мушкилоти имрӯзаи ҷавонон инҳоянд: бекорӣ, ҷинояткорӣ, маҳдудият дар таҳсил, поймолгардии ҳуқуқ, танфурӯшӣ, истеъмоли маводи мухаддир ва ғайра. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин мушкилот тадбирҳои ҳамоҳангшуда, байнисоҳавӣ, бисёрсоҳавӣ ва маҳаллӣ зарур аст, то ки онҳо зина ба зина ва мунтазам ҳал карда шаванд.
Аз ин нуқтаи назар мо метавонем як масъаларо муфассалтар баррасӣ кунем. Масалан, хадамоти шуғли аҳолӣ метавонад масъалаҳои шуғлро ҳал кунад. Бо вуҷуди ин, мушкилоти дигаре вуҷуд доранд, ки бо шуғли аҳолӣ низ дар ҳам мепайвандад, аз қабили танфурӯшӣ, ҷинояткорӣ ва истеъмоли маводи мухаддир. Ин масъалаҳо бевосита ба ваколати хадамоти шуғли аҳолӣ алоқамандӣ надоранд, вале бояд ҳал карда шаванд.
Вақте мо «ҷавонон» мегӯем, сухан танҳо дар бораи як гурӯҳи демографӣ, ки дар вазъияти душвору мураккаби иҷтимоӣ қарор дорад, намеравад, инҷо пеш аз ҳама қисми иҷтимоӣ, идеологӣ ва қувваи асоси кории ҷомеа дар назар дошта мешавад, ки ба хотири онҳо ислоҳотҳои гуногуни идоракунӣ гузаронида мешавад ва он ки дар ояндаи наздик худи ҳамин гурӯҳ раванди ин ислоҳотҳоро муайян менамояд.
Аз ин лиҳоз, дар аввли солҳои 90-ум дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ зарурати ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омад.
Сиёсати давлатии ҷавонон — ин системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон бо мақсади таълиму тарбия, ташаккул ва рушди ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи самараноки нерӯи онҳо ба манфиати ҷомеа истифода ва амалӣ карда мешаванд.
Ин мафҳуми сиёсати давлатии ҷавонон ба мафҳуми «сиёсати давлатии ҷавонон ба маънои васеъ» мувофиқат мекунад. Инчунин мафҳумҳои дигари «сиёсати давлатии ҷавонон ба маънои маҳдуд» низ мавҷуданд, ки асосан ба масъалаҳои муайянкунии соҳавии сиёсати давлатии ҷавонон, яъне «фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон» вобаста мебошанд.
Маълум аст, ки раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон «ташаккули низоми комил, аз ҷумла заминаи қонунгузории системаи мақомот ё сохторҳои кор бо ҷавонон ва татбиқи тадбирҳоро (асосан дар асоси усули барномасозии мақсаднок)» пешбинӣ мекунад. Раванди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон аз ташкили заминаҳои қонунгузории он ва мақомоти давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, ки барои татбиқи он муайян (вобаста) шудаанд, иборат аст [24, с.14].
Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсати байнисоҳавӣ буда, аслан тавассути мақомоти гуногуни давлатӣ, аз қабили сохторҳои (вазоратҳои) маориф, илм, меҳнат, муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кор бо ҷавонон, занон, оила, дин ва ғайра, инчунин аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ташаббускор, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Сиёсати давлатии ҷавонон барои Тоҷикистон сиёсати нав нест; он ҳануз дар шароити гузариш ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ташаккул ёфтааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сиёсати давлатии ҷавонон — низоми ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷамъият татбиқ мегардад. Яъне, он ҳамчун як низом, системаи ягона барои ҳалли як қатор масъалаҳои ҷавонон тавассути ҷалб ва ба самти мувофиқ равона кардани тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.
Зимнан, сиёсати давлатии ҷавонон чун низоми қонунӣ, яъне расмиёт ва зарурати он бо қонун пазируфта шуда мебошад, татбиқи он бояд дар ҳамаи сатҳҳо ва аз ҷонби ҳамаи субъектҳо, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба таври самаранок таъмин карда шавад.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд дастгирӣ карда мешавад. Дар раванди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон (1993—2025) аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ 10 вохӯрӣ ва мулоқотҳои васеи расмӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар ташкил карда шуда, дар онҳо мушкилоти ҷавонон ва масъалаҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла тарбияи ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди иттиҳодияҳои ҷавонон, гурӯҳҳои ташаббускор, маҳфилҳои гуногуни таълимӣ, марказҳои соҳибкорӣ, гурӯҳҳои дастгирии ҷавонон ва ғайра муфассал мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар натиҷаи ҳар кадом вохӯрӣ тадбирҳои зиёде барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва ҷомеа ва ташаккули асосҳои институтсионалии сиёсати давлатии ҷавонон андешида шуданд.



