Сиёсати ҷавонон

- -
- 100%
- +
Бояд қайд кард, ки барои ҳар як давлати муосири демократӣ меъёрҳои асосие, ки аз ҷониби шаҳрвандон бояд риоя рагданд, инҳоянд: эҳтиром ба (ҳифзи) соҳибихтиёрии давлат ва арзишҳои миллӣ, иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ ҳамчун қарз дар назди Ватан (масалан, хидмати ҳарбӣ), риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ғайра. Барои таъмини риояи ин меъёрҳои бунёдӣ Ҳукумат барномаҳои гуногуни идеологиро бо мақсади таҳкими сатҳи тафаккури шаҳрвандон ва роҳнамоии он ба самти дуруст таҳия мекунад.
Сиёсати давлатии ҷавонон, дар навбати худ, ҳадафҳое дорад, ки тавассути татбиқи баъзе тадбирҳои бунёдӣ онҳоро ба даст овардан мумкин аст. Роҳу усулҳои татбиқи тадбирҳои бунёдии сиёсати давлатии ҷавонон ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад, (1) барои ё тавассути субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва (2) барои ё тавассути худи ҷавонон.
Субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон ба принсипҳои зерини фаъолият бояд асос ёбанд (бунёд гарданд):
— на кам аз 30 фисади кормандон бояд аз синни 30 сола хурдтар бошанд;
— татбиқи сиёсати дохилиидоравӣ оид ба ҷавонон (тариқи таҳия ва амалисозии стратегия ё консепсия);
— доштани на кам аз ду воҳиди (корманди) доимӣ (маошгиранда) оид ба кор бо ҷавонон;
— таъмини кадрҳо дар низоми сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин касбигардонии соҳаи кор бо ҷавонон;
— робитаи доимӣ (ҳамоҳангсозӣ) бо сохторҳои болоии соҳаи кор бо ҷавонон.
Риояи ин принсипҳо, дар назари аввал, содда ба назар мерасад, аммо, бо таъмини риояи онҳо, ҳар як ниҳод метавонад ба ҷавонон таъсири манфиатбахш расонад ва дар натиҷа ба ҳадафҳои барномавии худ ноил гардад.
Ҷанбаи дигари таъсиррасонӣ ба ҷавонон дар он аст, ки онҳо ҳамчун захираи асосии меҳнатӣ имрӯз ва ояндаро муайян мекунанд. Барои истифодаи пурраи ин захира ва равонасозии дурусти он татбиқи принсипҳои зерини таъсиррасонӣ тавсия дода мешавад:
— таълим ва тарбияи идеологии ҷавонон (аз давраи кӯдакӣ то синни 30-солагӣ) ҳам дар оила, ҳам дар мактаб ва ҳам дар ҷомеа дар ҳошияи талқини рукнҳои ватандӯстӣ, демократикунонии ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳдӯстӣ ва ғайра;
— таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, аз ҷумла дар идоракунии мақомоти давлатӣ;
— фаъолсозии ҷавонон тавассути татбиқи барномаҳои рушди фарҳанг, эҷодкорӣ ва ғайра;
— татбиқи усули омӯзиши «ҳамсол ба ҳамсол» дар муҳити ҷавонон, яъне тавассути худи ҷавонон (пешвоён ва сухангӯёни ҷавон) амалӣ намудан чорабиниҳо.
Татбиқи ин тадбирҳои бунёдӣ сифат ва самаранокии сиёсати давлатии ҷавононро таъмин намуда, аҳамиятнокии онро барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ афзун мегардонад.
Бо такя ба таҷрибаи татбиқёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва сабақҳои омӯхташуда, метавон хулоса кард, ки танҳо дар сурати амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо, бахусус чораҳои бунёдӣ нақш ва аҳамиятнокии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа воқеӣ ва пурсамар ҳисобида мешавад.
Дар қадами оянда мавқеъҳои муҳимтарини ҷавонон, ки дар Ҷадвали 1 нишон дода шудаанд, баррасӣ менамоем; унсурҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқию маънавӣ нишондиҳандаҳои асосии таъмини самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон мебошанд.
Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон. Дар шароити демократикунонии ҷомеа, бахусус иҷтимоишавии ҷавонон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон ин беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон муқаррар карда мешавад, ки як қатор чораҳоро дар самти таъмини иҷтимоӣ ва фаъолсозии ҷавонон, иштироки ҷомеа ва маориф дар ҳаёти ҷавонон, ноилгардӣ ба мустақилияти иқтисодӣ ва таъминоти ҷавонон ва ғайраро дар бар мегирад [39].
Вазъи сиёсии ҷавонон. Вазъи сиёсии ҷавонон аз фаъолнокии сиёсӣ ва иштироки онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ вобаста аст. Ин зарурат аз он бармеояд, ки ҷавонон ҳамчун як қишри асосии ҷомеа бояд ба идоракунӣ омода бошад, зеро дер ё зуд ба ин зина (мақом) мерасанд. Яъне қабл аз он ки масъулияти идоракунӣ ба души ҷавонон меояд, онҳо бояд дониш ва таҷрибаи заруриро ба даст оранд. Зеро ҳокимият такягоҳи ҷомеа аст, ки дар навбати худ захираҳои инсонии озмудашуда ва ботаҷрибаро тақозо мекунад [40, с.6].
Аз ин рӯ, истилоҳи «иштироки ҷавонон» — иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа — дар саросари ҷаҳон рӯз аз рӯз эътироф ва пазироии бештари субъектҳои сиёсиро пайдо менамояд. Ин маънои онро дорад, ки сарфи назар аз меъёрҳои қатъии идоракунӣ, ҷалби қувваи нави корӣ — ҷавонон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гӯш кардани андешаҳои онҳо ва қабули қарорҳои мувофиқ зарурат пайдо мекунад.
Фарҳанг ва эҷодкории ҷавонон. Барои ҳар як халқу миллат фарҳанг нуқтаи тамос — робитаи байни наслҳо ва давраҳои таърихӣ ва ҳомии ҳувияти миллӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, тарбияи фарҳангии ҷавонон ва иштироки онҳо дар ҳифзи мероси моддию маънавӣ ин нуқтаи тамос ё робитаро таҳким мегардонад ва тақвият мебахшад [41, саҳ. 270].
Ташаббусҳои эҷодкорӣ дар байни ҷавонон дар ҳошияи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеаи муосир нақши муҳим мебозад. Эҷодкорӣ, дар навбати худ, қисми маърифат ва баррандаи фарҳанг ҳисобида мешавад, аз ин рӯ рушди муштараки онҳо ба ҳамин ҳадаф хизмат мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир ташаббусҳои эҷодии ҷавонон на танҳо ба рушди фарҳанг ва ватандӯстӣ равона гардидааст, балки барои таъмини рушди шахсят, бахусус мустақилияти иқтисодӣ равона шудаанд, ки ин барои ҷалби бештари ҷавонон ба ин самти фаъолият хизмат мекунад.
Мавқеи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон. Мавқеи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон маҷмӯи мураккаби хусусиятҳои равонӣ ва рафториро дар бар мегирад ва муҳимияти рафтору кирдори шахси ҷавонро нисбат ба муҳити зист муайян мекунад, ки ин дар навбати худ аз сатҳи тарбия ва таълими шахси ҷавон бармеояд.
Дар робита ба ин, тарбияи ҷавонон, бахусус тарбияи ватандӯстӣ, дар маркази диққати махсуси аксари давлатҳо, аз ҷумла Русия, Чин ва дигарон қарор дорад [42, с.335].
Бо назардошти вазъияти кунунӣ дар робита ба афзоиши амалҳои экстремистӣ ва террористӣ дар саросари ҷаҳон, мавқеи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Зеро шумори зиёди аъзои аксари ҳаракатҳои экстремистиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Илова бар ин, маҳз ҷавонон бинобар иродаи заиф ва сатҳи пасти маълумотнокӣ гурӯҳи осебпазиреро мемонад, ки ҳаракатҳои экстремистӣ ҳамчун луқмаи тайёр ба онҳо назар мекунанд.
Дар айни замон аксари ҳукуматҳо бо дарназардошти принсипҳои демократии идоракунӣ, яъне плюрализими (гуногунандешии) сиёсӣ аз татбиқи барномаҳои идеологии сиёсӣ даст кашидаанд, ки вазъиятро боз душвортар мегардонад. Зимнан, зарур аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун ниҳодҳои салоҳиятдор ба ташаккули идеологияи сиёсӣ бо назардошти рукнҳои идеологияи миллӣ таваҷҷуҳ карда, ҷавононро дар рӯҳияи сиёсати идоракунии комил тарбия намоянд ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ дар ин самт фаъол гардонанд.
Ҳамин тариқ, чунин хулоса ба миён меояд:
— Таҳқиқот нишон дод, ки сиёсати ҷавонон дар шароити муттаҳидии талошҳои соҳаҳои гуногун барои ҳалли мушкилоти ҳамарӯзаи ҷавонон ташаккул ёфтааст, ки боиси таҳия ва татбиқи чораҳои гуногунҷанба ҷиҳати мутобиқшавӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва худамалигардии ҷавонон гардидааст.
— Муайян карда шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан тибқи сохтори амудӣ амалӣ карда мешавад, яъне сохтори уфуқии идоракунии сиёсати ҷавонон, ки асосҳо ва принсипҳои демократии рушд (ғайримуттамарказонӣ) тақозо мекунанд, амалан ба назар гирифта намешавад. Яъне, рӯи ин масъала андешидани табирҳои бетаъхир тақозо мегардад.
— Сиёсати давлатии ҷавонон таҳия ва ё ташаккули маҷмӯи тадбирҳоро дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тақозо мекунад. Яъне, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, бояд сохторҳои амудӣ ва уфуқии идоракунӣ тавассути таҳияи ва амалисозии василаҳои мувофиқ ба роҳ монда шаванд. Ин як назарияи комилан нав дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аст, ки муаллиф онро ҳамчун як равиши системавӣ пешниҳод мекунад ва он аз технологияҳои идоракунии ниҳодҳои сиёсӣ ва принсипҳои демократии рушди ҷомеа бармеояд.
4. Ҳамин тариқ, дар шароити Тоҷикистон — ҷавонтарин кишвари ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои демографӣ — равиши (усули) системавии пешниҳодшуда, ки маҷмӯи сохторҳои амудӣ ва уфуқӣ, амалҳои байнисоҳавӣ ва интерактивӣ, чораҳои ҳамоҳангсозӣ ва мониторингиро бо назардошти мушкилоти воқеии ҷавонон дар шароити дигагуниҳои демократӣ фаро мегирад, метавонад татбиқи самаранок ва рушди устувори сиёсати давлатии ҷавононро ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар дигар кишварҳо, бахусус дар кишварҳои дорои аҳолии ҷавон таъмин намояд.
§1.3. Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷавонони Тоҷикистон дар ҳошияи татбиқи афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон
1.3.1 Таҳлили вазъи ҷавонон дар Тоҷикистон
Дар боло зикр гардид, ки объекти асосии сиёсати давлатии ҷавонон ин ҷавонон аст, мувофиқан, вазъи умумии ҷавононро дар кишвар метавон ҳам дастовард ва ҳам камбудии ин низом арзёбӣ кард. Аз ин рӯ, дар ин зербоб мушкилоти нисбатан муҳимми ҷавонон дар заминаи аҳамиятнокии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун механизми асосии ин таҳқиқот баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар солҳои охир дар шароити демократикунонии кишвар дар ҳаёти ҷавонон тағйироти зиёде ба амал омаданд, як гурӯҳ пешрафт карда, мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуданд, гурӯҳи дигар барои беҳтар кардани вазъи зиндагии худ мубориза мебурданд ва ин муборизаро идома дода истода, ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ҳимоя мекунанд, гурӯҳи сеюм бошад, аз рукнҳои ҳаёти муосир ақиб мондаанд ва наметавонанд ба талаботи давраи гузариш мутобиқ шаванд.
Тоҷикистон ҷавонтарин кишвар дар ҷаҳон аст, ки синни миёнаи он ба 26,6 сол мерасад, 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон шахсони то 30-сола аст, зимнан, ҷавонони аз 15 то 30 сола қувваи асосии кории арзёбӣ гардида, 20,2 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд [43, с.27]. Ин мавқеъҳои номуназзами ҷавонон дар баробари афзалиятнокии онҳо ҳамчун захираи калидӣ барои рушди ҳамаҷонибаи давлат аҳамиятнокии ҳадаф ва нақши воқеии сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистони муосир зиёд менамояд. Барои муайян ва арзёбии ин номуназзамӣ мушкилоти рӯзмарраи ҳаёти ҷавононро дар зер муфассалтар баррасӣ менамоем.
1.3.1.1 Иштироки ҷавонон
Иштироки ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир дар доираи татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон самти нави фаъолият ва хеле аҳамиятнок буда, он фаъолгардонии сиёсӣ, такомули малакаҳои идорӣ ва имкониятҳои фаррох барои роҳбарӣ дар мақомоти дахлдори идорӣ, иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои алоқаманд, дастрасӣ ба грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, таъсиси ташкилотҳои мустақил ва кафолати таъмини адолати ҳуқуқиро барои ҷавонон фаро мегирад.
Айни замон, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи маҳал мушкилоти назаррас мавҷуд аст. Аз як тараф, ҳалли ин мушкилот чандон душвор нест, аз тарафи дигар, дарки масъала ва дастрасии субъектҳои алоқаманд ба ин мушкилот хеле маҳдуд аст, ки сабаби ин вазъият сершуғл будани ин субъектҳо ва тахассусманд набудани онҳо, зимнан, таваҷҷӯҳи суст ба ҳалли мушкилот арзёбӣ мегардад.
Воқеан тахассусманд набудан ва сатҳи пасти донишу малакаи кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба рушди ҷомеа ва давлат дар ин самт, аз ҷумла рушди сармояи инсонӣ монеаҳо эҷод карда, боиси доманадор гардидани мушкилоти болозикр мебошад. Ин мушкилот ба таври васеъ эътироф нашудааст, аммо таъсири он, бахусус дар ҳошияи ҷаҳонишавӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир назаррас ва хеле намоён аст.
Масалан, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон» (солҳои пеш «Барномаи миллии ҷавонон» дар сатҳи миллӣ мутаносибан беҳтар бо фарогирии аксари нишондодҳои (вазифаҳои) муайяншуда амалӣ карда мешавад. Аммо, дар сатҳҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ ин нишондодҳо таҳриф (ба маротиб кам) шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳамагӣ дар сатҳи 8—10% амалӣ карда мешаванд. Қобили зикр аст, ки ин Барнома мехнизми систематикиеро ташкил медиҳад, ки ба мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи маҳал ҳамчун василаи асосӣ кумак мерасонад. Вале бинобар сабаби сатҳи пасти дониши субъектҳои маҳаллӣ ва дарки аҳамиятнокии ин фишанги амалӣ ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур дар сатҳи минтақа ва маҳал ғайриқаноатбахш мебошад. Омили дигар он ки дар як ноҳия ҳамон Барнома ҳамчун Барномаи маҳаллӣ қабул мегардад, ки мувофиқ аст, вале дар дигар ноҳия он ҳамчун Нақшаи амал ё Нақшаи чорабиниҳо қабул карда мешавад, ки хилофи принсипҳо ва сиёсати татбиқ ва идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад [44, с. 27].
Барномаи мазкур худ ба худ низомеро ташкил медиҳад, ки ба роҳ мондани фаъолияти дурусти он иштироки ҷавононро дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ таъмин намуда, фаъолнокии онҳоро дар бартарафсозии мушкилоти худ ва ҷомеа бедор месозад.
Масъалаи дигаре, ки ба иштироки ҷавонон марбут аст, ин фаъолноксозии сиёсии ҷавонон ба ҳисоб меравад ва ин масъала хоси ҷомеаи муосир, аз ҷумла кишвари дорои сохти идоракунии демократӣ мебошад. Аз ин рӯ, таъмини мунтазами ҳар се шохаи ҳокимият (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) бо кадрҳои ҷавон бо роҳи татбиқи механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ҷомеаи Тоҷикистон ва умуман ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ аз сиёсати идоракунӣ, аз ҷумла имтиёзҳо ва ё афзалиятҳои низоми кадрии собиқ «Комсомол» хуб огоҳӣ доранд, насли калонсол то ҳол ин низомро ҳамчун низоми устувор ва намунавии тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавон ба ёд меоранд. Мутаассифона, дар давраи пошхӯрии ҳукумати Шӯравӣ ин низом ва ё мактаби омодасозии кадрӣ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар дигар кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ кард.
Низоми амалии тарбияи сиёсии кадрҳои ҷавон дар симои мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ва чанде аз бахшҳои (қанатҳои) оид ба кор бо ҷавонони ҳизбҳои сиёсӣ то имрӯз аз уҳдаи ин рисолати созанда — тарбияи (омодасозии) сиёсии кадрҳои ҷавон — набаромадаанд. Илова бар ин, имтиёзҳое, ки дар ин самт муқаррар ва таҷриба шуда буданд, зимнан, мебоист, ки онҳо дар шароити нави идоракунӣ такмил дода шуда, беҳтару хубтар исфтиода бурда мешуданд, зеро Тоҷикистон кишвар ҷавон аст, зуд ё дер мо ба ин низом бояд бирасем.
Масалан, яке аз имтиёзҳо ва афзалияти ин низом чунин муайян карда шуда буд, ки агар шахси ҷавон узви «Комсомол» бошад ва дар ташкилоти комсомолӣ таҷриба гирад, ба ӯ кафолати ҷойи кор дар ҳама намуди ташкилотҳо новобаста аз сохтори ташкилию ҳуқуқӣ дода мешуд. Бояд қайд кард, ки ин низоми таъмини кадрҳои озмӯдашуда танҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт; дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, чунин низом вуҷуд надошт ва ҳоло ҳам вуҷуд надорад. Ин маънои онро дорад, ки низоми қаблии кор бо ҷавонон вазифаҳои худро дар сатҳи баланд иҷро мекард ва аз ҷониби ҳамаи сохторҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи идеология эътироф карда мешуд. Албатта, дар шароити идоракунии демкоратӣ ҷорӣ кардани маҳз ҳамин имтиёз имконнопазир аст, аммо бар ивази он ва ҳаммонанд ба он мумкин аст, ки ташаккул дода шавад. Мисол, афзалият додан ба шахсони ҷавоне, ки узви иттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсии ҷавонон буда, то ба зинаҳои роҳбарикунандаи ин иттиҳодияҳо фаъолият карда, таҷрибаи хуби идоракунии иҷтимию сиёсиро аз худ кардаанд.
Яке аз ҷанбаҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар раванди демократикунонии муносибатҳо ин иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин иштироки мунтазами онҳо дар таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои дахлдори давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Барои аҳолии кишвар, аз ҷумла ҷавонон то ҳол аҳамиятнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дарки нақши он дар рушди ҷомеа ва давлат, зимнан, тарзу услуби дастгирии он норавшан аст. Ин вазъиятро дар мисоли фаъолнокии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар ҷомеаи Ғарб ва камфаъолии онҳо ҷомеаи Шарқ, бахусус кишварҳои ИДМ иброз каран мумкин аст.
Боиси зикр аст, ки фаъолияти босамари ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз принсипҳои асосии институти демократия, яъне талаботи ҷомеаи муосир мебошад, ин маънои онро дорад, ки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд дар баробари мақомот ва ё ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ дар муайян ва ҳалли мушкилоти ҳаррӯзаи аҳолӣ ҳамқадам бошанд.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон афзоиши иттиҳодияҳои ҷавонон мушоҳида мешавад, аммо, дар муқоиса бо талаботи ҷомеа суръати ин раванд хеле суст аст. Айни замон ҷавононро дар Тоҷикистон 72 ниҳоди давлатии кор бо ҷавонон, 53 марказҳои ҷавонон, 40 ниҳоди бахши кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, беш аз 4000 ҳаракати хонандагон дар муассисаҳои таълимии миёна, тақрибан 300 клуби ҳаваскорон ва 200 иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон намояндагӣ мекунанд. Ҳоло шумораи ҷавонон (аҳолӣ) дар кишвар ҳар сол ба шумори 260 ҳазор нафар меафзояд [45, с. 15]. Ин нишондиҳанда агарчанде хусусияти мусбӣ дошта бошад ҳам, аммо дар вазъияти имрӯза, тибқи мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо ба тарбияи комили (босифати) насли ҷавон, таъминоти иҷтимоию иқтисодии онҳо ва фаъолияти сиёсию маънавб ва ахлоқии ҷавонон таъсири манфӣ дорад. Дар натиҷа сатҳи падидаҳои номатлуб, аз қабили камсаводӣ, бекоргардӣ, ҷинояткорӣ, экстремизм ва ғайра дар байни насли ҷавон ҳамасола афзоиш меёбад. Яъне, ҷиҳати истфодабарии босамари ин нерӯ зарур аст, ки дар баробари афзоишёбии он инфрасохтори алоқаманд ва низоми муносиби идоракунӣ таҳким бахшида шавад.
Иштироки фаъоли ҷавонон ҳамчун як қишри фарогири ҷомеа дар муносибатҳои демократикунонӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳо хеле муҳим аст. Аммо, ҷавонон дар бораи татбиқёбии барномаҳо ва ташаббусҳои ҷамъиятию давлатии ба онҳо робитадошта пурра огоҳӣ надоранд ва то андозае, бинобар сатҳи пасти дониш ва дарк накардани вазъият, барои иштирок дар татбиқ ва ё бардоштани самара аз онҳо ҳавасманд ҳам нестанд.
Аз ин рӯ, имрӯз мо бояд шароитеро барои тақвияти иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам оварем, ки ҷавононро барои таъсиси иттиҳодияҳо ва ҳаракатҳои гуногуни муташаккил ва худфаъол дар шакли марказҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳо, иттиҳодияҳои донишҷӯён, ихтиёриён ва ғайра ҳавасманд гардонад. Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳияи системаҳои татбиқи фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон дар ҳама сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ (ҷамоат) ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳамчунин, барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муҳим аст, ки дар фароҳам овардани шароит барои рушди ҳаракатҳои ҷавонон, аз ҷумла таъсиси марказҳои маҳаллии кор бо ҷавонон дар ҳар як ҷамоат саҳм гузоранд. Ин ба ҷавонон имкон медиҳад, ки пас аз дарс ва дар вақти таътил ба фаъолиятҳои гуногуни худташаккулёбӣ ва донишомӯзӣ машғул шаванд.
Иштироки ҷавонон ҷавҳари сиёсати давлатии ҷавонон аст; рушди устувори ин самт метавонад иштироки самаранок ва муназзами ҷавононро дар ҳама сохторҳо, бахусус рушди сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъмин намояд.
1.3.1.2 Шуғли ҷавонон
Дар давраи гузариш ҷавонон дар ҳама гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ намояндагии худро доранд ва нобаробарӣ дар моликият ва тафовутнокӣ дар муносибат бо онҳо ба таври возеҳ инъикос мегардад, аммо маҳз ҳамин гурӯҳи иҷтимоӣ ҳамчун имконият ва дурнамои рушди иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Фаъолияти иқтисодии ҷавонон асосан бо рушди бахши хусусӣ алоқаманд мебошад. Бо иштироки ҷавонон дар муносибатҳои иқтисодӣ як гурӯҳи нави шахсони шуғлманд пайдо мегардад, ки бо тағйирётҳои шакли хусусӣ (ҳамчун ашхоси ба меҳнати кироя ҷалбнагардида) робитаи мустақил доранд. Инҳо соҳибмулкон ва ҳам соҳибмулкони корхонаҳои хусусӣ, шахсони (соҳибкорони) инфиродӣ, коргарони оилавӣ (бемузд коркунанда) ва ғайраро дар бар мегиранд [46, с. 182].
Барои қисми зиёди ҷавонон машғул шудан ба худкорӣ (шуғли муздноки худэҷод) ҳанӯз дар давраи наврасӣ, яъне бармаҳал одат шудааст, зеро талаботи ҷомеаи муосир дар ҳошияи мустақилияти иқтисодӣ онҳоро ба ингуна муносибат такон медиҳад. Одатан, ин корҳои намуди камтахассуснок буда, бештар дар соҳаи хизматрасонӣ дастрас мебошанд. Ин намуди фаъолияти меҳнатӣ, яъне шуғлмандии бармаҳали ҷавонон бештар бо номи «меҳнати сиёҳ» — бидуни касбу тахассус тавсиф мешавад. Мутаассифона, дар баробари нафъи пулӣ ин намуди корҳо ба ҷавонон таъсири зиёди манфӣ низ, мерасонад. Ҷавонон дар ин намуди фаъолият худро ба ҳолати номусоиде мерасонанд, ки имконият ва ё фурсати омӯхтан ва рушди касбиро аз даст медиҳанд.
Боиси зикр аст, ки дар бозори худкор дар баробари ҷавонон гурӯҳи дигари иҷтимоӣ низ, фаъолнокӣ нишон медиҳанд — шахсони бекор ва ё машҳур бо номи «мардикор». Мардикорон бештар ба кӯчабозорҳо баромада, ба ҳама намуди коре, ки ба онҳо муносиб аст ва аз уҳдаи он мебароянд, машғул мегарданд. Ин намуди ҷойҳои корҳо, одатан хусусияти муваққатӣ дошта, дар шакли ғайрирасмӣ аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқии ба қувваи корӣ эҳтиёҷдошта ташкил карда мешаванд ва аксар вақт бе асоси қонунӣ. Илова ба номгӯи боло ҳамчунин фаъолияти меҳнатии муваққатӣ, ки ба гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон дастрас аст, дар шароити имрӯза чунин номгир мешаванд ва аксари онҳо дар шароити иқтисоди бозоргонӣ аз кишварҳои Ғарб ба мо кӯчидаанд: «корҳои донишҷӯӣ», «фрилансер», «хонакор», «дастраскунӣ (курер)», «худкорӣ» ва ғайра.
Албатта, мавҷуд будани шароити корӣ ва ё имкониятҳои ташаккулёбӣ аз ҷиҳати мустақилияти иқтисодӣ хуб аст, аммо ин низоми муносибатҳои меҳнатӣ бояд ба танзим дароварда шуда, хавфи ба пулу мол мафтуншавии ҷавонон, зимнан паст гардидани сатҳи касбияти онҳо дар бозори меҳнат аз байн бурда шавад.
Мутобиқи таҳлилҳои охир, ҳар сол беш аз 9,2 фоизи (550 ҳазор нафар) қувваи кории кишвар, аз ҷумла ҷавонони 15—29 сола барои кор ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия сафар мекунанд [47, с. 37]. Таносуби муҳоҷирони меҳнатии ҷавон ба 49,1 фоизи (270 ҳазор нафар) шумораи умуми муҳоҷирони меҳнатӣ баробар аст [48, с.253].
Дар инҷо омили ташвишовар он аст, ки шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дараҷаи маълумоти касбӣ надошта (миёнаи пурра — 71,7 фоиз), дар корҳои намуди дуюмдараҷа истифода мегарданд. Ин воқеист, чун бидуни маълумоти касбӣ дигар кореро уҳдабаро намегардӣ.., зимнан, ҳамагӣ 15 фоизи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун дорои дараҷаи маълумоти касбӣ муайян карда шудааст. Аз инҷост, ки муҳоҷирони тоҷик дар Федератсия Русия доимо зери маломат қарор доранд, на манфиати иҷтимоию иқтисодии худ ва манфиати ҷомеаи тоҷикро ҳифз карда наметавонанд.
Боиси иброз аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам таъсири мусбат ва ҳам таъсири манфӣ дорад, аммо дар шароити кунунии иқтисодӣ таъсири мусбии муҳоҷирати меҳнатӣ афзалиятнок арзёбӣ мегардад. Тибқи таҳлилҳо ҳар сол бинобар муҳоҷирати меҳнатӣ беш аз 5 миллиард доллари ИМА (2022-$5,2 млрд) ба иқтисодиёти кишвар ворид мешавад, ки ба ҳалли мушкилоти сершумори иҷтимоию иқтисодии ҷомеа мусоидат мекунад.
Масъалаи дигар истифодаи самараноки ин захираи меҳнатӣ мебошад, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодӣ ва касбии ҷавонон — муҳоҷирони эҳтимолии меҳнатӣ (дар ояндаи наздик), фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фазои сармоягузорӣ (сармоягузории муҳоҷирони меҳнатӣ ба соҳибкории хусусии кишвар), мутаносибан, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди шуғлмандии ҷавонон аз шумори чораҳои афзалиятнок арзёбӣ мегарданд.
Дар давраи Шӯравӣ, яъне дар доираи режими коммунистӣ мардум ба он эътимод дошт, ки ҷойи корӣ аз ҷониби давлат таъмин карда мешавад ва то андозае чунин ҳам буд. Аксари муносибатҳои идоракунӣ дар ҷомеа дар инҳисори далвати Шӯравӣ буд, мувофиқан таҳлили вазъи бозори меҳнат, аз ҷумла эҳтиёҷот ба кадрҳои тахассуснок, яъне нақшабандии воҳидҳои корӣ ба таври васеъ дастраси ҳокимияти давлатӣ буд, мувофиқан шумори зиёди хатмкунандгон бо ҷойи корӣ фаро гирифта мешуданд.
Аммо, ҷомеаи демократӣ шароити комилан дигари бо ҷойи кор таъминкунӣ — бозори меҳнатро барои шуғлмандии ҷавонон пешниҳод мекунад, ки он дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои демократӣ мунтазам рушд мекунанд. Бо ифодаи дигар, агар дар режими коммунистӣ ба ҷавонон таъмини ҷойи корӣ кафолат дода мешуд, пас дар ҷомеаи демократӣ барои таъмингардии ҷавонон бо ҷойи корӣ танҳо шароит фароҳам оварда мешавад, ин ҳам шароити бозорӣ. Яъне, ҳар нафар бо назардошти кӯшиш, талош, қобилият ва касбияти худ метавонад дар бозори меҳнат мавқеи сазоворро ва ё ҷойи кори муносибро соҳиб гардад. Дар робита ба ин, мушкили асосӣ дар дараҷаи дарк кардан ё сарфаҳм рафтани ин низом аз ҷониби шаҳрвандон ба миён меояд; ҳоло ҳам қисми зиёди онҳо, бахусус насли калонсол ба ин тақозои ҷомеаи муосир мутобиқ нашудаанд ва барои фарзандони худ, яъне ҷавонон (мисли пештара) ҷойи корӣ талаб мекунанд. Зиёда аз ин, яъне ҳолати бадтар ва хавфбор он аст, ки гурӯҳи зиёди волидон дар пасманзари собиқ давлати Шӯравӣ фарзандони худро дар рӯҳияи интизорӣ ё номуайянӣ тарбия медиҳанд ва умедвор мекунанд, ки новобаста аз ҳолат (қобилият, дониш, касбият) давлат ҷавононро бо ҷойи корӣ таъмин мекунад.



