Сиёсати ҷавонон

- -
- 100%
- +
Ҳамчунин, Сарвари кишвар дар доираи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2016) соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда, иброз намуд, ки «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.» [25].
Дар натиҷаи ин вохӯриҳо дар ҷумҳурӣ дастовардҳои зиёд ба даст оварда шуданд: мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон таъсис дода шуд, стипендияҳои махсус барои донишҷӯён, мукофотҳои соҳавӣ (давлатӣ) барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ барои дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, бурсия (квота) барои қабули (дохилшавии) ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба муассисаҳои таълимии олии касбӣ, таъсиси марказҳои ҷавонон ва кӯдакон, ташкилёбии Шӯроии миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавонон ва ғайра амсоли инҳо.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонон санаи 23 майи соли 2013 Президенти кишвар оид ба аҳамиятнокии сиёсати ҷавонон ва ҷавонон дар ҷаҳон чунин ибрози назар намуданд: «Дар ҷаҳони муосир ҳалли мушкилоти ҷавонон ва истифодаи неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад» [26].
Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон аз дигар давлатҳо ва ҷамъиятҳо низ даъват ба амал овардаанд, ки ба рушди ҷавонон ва ҳалли мушкилоти онҳо, бахусус дар роҳи мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва радикалӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, 10 июли соли 2015 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз мекунанд: «Кор бо ҷавонон ва манфиатҳои ҷавонон бояд яке аз авлавиятҳои муҳими СҲШ арзёбӣ гардад. Бинобар ин пешниҳод мекунам, ки яке аз солҳои оянда «Соли ҷавонон» эълон карда шавад [27].
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлат дар шахсияти Пешвои миллат, Президенти кишвар татбиқ ва инкишофи сиёсати ҷавонон ва баланд бардоштани нақши ҷавононро дар ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Барои воқеан қонеъ гардонидани ин интизориҳо ва амалӣ гардонидани ҳадафи давлат — татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон зарур аст, ки иқтидори мактаби илмии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла заминаи устувори назариявӣ ва таҷрибавии он ташаккул дода шавад ва сатҳи фановарӣ ва илмию методии сиёсати давлатии ҷавонон баланд бардошта шавад.
Ҷавонон ҳамчун фард ва захираи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба дигаргуниҳо вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ таъсири назаррас доранд. Зимнан, ин вазъият ба омӯзиши асосҳои илмию методии муносибатҳои байналмилалии ҷавонон водор месозад.
Аҳамияти рушди сиёсати ҷавонон низ, ин натиҷаи эътирофи он ҳамчун институти фаъоли равандҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Ҳануз соли 1965 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломия «Дар бораи дар байни ҷавонон паҳн кардани идеалҳои сулҳ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо» -ро қабул намуд, ки асосан хусусияти тарбиявӣ дошт ва ҷавононро ба сулҳдӯстию таҳаммулпазирӣ даъват мекард. Зимнан, ин ташаббус ба вокуниши оммавии ҷавонони солҳои 60-ум асос меёбад. Соли 1998 аз ҷониби ин ниҳоди умумиҷаҳонӣ Эъломия оид ба сиёсати ҷавонон ва барномаи ҷавонон қабул мегардад, ки 8 самтро дарбар мегирад, аз ҷумла ташаккули сиёсати миллии ҷавонон дар ҳама кишварҳои ҷаҳон [28, с.15—16]. Аз ҷумла, дар муқаддимаи ин ҳуҷҷат қайд карда мешавад: «боз ҳам дар асоси нуқтаи дар сархати 112-уми Барномаи ҷаҳонии амал зикршуда таъкид мегардад — давлатҳое, ки ҳанӯз ин корро накардаанд, чораҳои заруриро вобаста ба таҳия ва қабули сиёсати миллӣ дар бораи ҷавонон амалӣ созанд…», ки аҳамият ва зарурати омӯзиши ин сиёсат, бахусус таҳияи чораҳо ва технологияҳоро барои ташаккули асосҳои институтсионалӣ, илмӣ, технологӣ ва эмпирикӣ баланд мебардорад.
Илова бар ин, танҳо бо ташаббуси СММ якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии байналмилалӣ, аз қабили Принсипҳои роҳбарӣ оид ба иштироки ҷавонон дар бунёди сулҳ, Эъломияи Амман оид ба масъалаҳои ҷавонон, сулҳ ва амният (2015) ва Барномаи амал оид ба пешгирии экстремизми зӯроварона ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон қабул ва амалӣ карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар қатъномаи ба қабулшудаи Шӯрои Амнияти СММ (9.12.2015) зикр шудааст, ки: «Шӯрои Амният аз кишварҳои узв даъват мекунад, ки роҳҳои афзоиши намояндагии фарогири ҷавононро дар раванди қабули қарорҳо дар ҳама сатҳҳо дар доираи муассисаҳо ва механизмҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, аз ҷумла муассисаҳо ва механизмҳои муқовимат ба экстремизми зӯроварона, ки метавонад ҳамчун заминаи парвариши терроризм хизмат кунад, омӯзанд ва дар ҳолати зарурӣ таъсиси механизмҳои ҳамаҷонибаро барои таъмини иштироки пурмазмуни ҷавонон дар раванди сулҳ ва ҳалли баҳсҳо баррасӣ намоянд» [29].
Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки Созмони Милали Муттаҳид, ки беш аз 190 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ба масъалаҳои ҷавонон ва сиёсати ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дар доираи ин созмон масъалаҳои ҷавонон аз ҷониби зерсоторҳои гуногуни он, ба монанди монанди Хазинаи кӯдакон, Хазинаи нуфузи аҳолӣ, Иттиҳодияи волонтёрон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ғайра баррасӣ карда мешаванд.
Айни замон аксари кишварҳои ҷаҳон сиёсати мақсаднокро нисбат ба ҷавонон пеш мебаранд; онҳо сиёсати миллиро дар соҳаи ҷавонон амалӣ мекунанд ва дар натиҷа санадҳои махсуси қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои рушд ва ҳифзи ҷавонон қабул шудаанд, зимнан дар қисми зиёди кишварҳо мақомоти давлатии соҳаи сиёсати ҷавонон фаъолият мекунанд [30].
Ба нақши ҷавонон ва иштироки онҳо дар ҷомеа дар сатҳи ИДМ баҳои баланд дода мешавад. Ин муқаррарот ва ҳадафҳо дар Созишномаи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, ки 25 ноябри соли 2005 қабул шудааст, баён мегардад. Дар моддаи 4-уми ин санад аз ҷумла гуфта мешавад: «Тарафҳо дар самтҳои зерин ба ҳамдигар мусоидат менамоянд: тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон; мубодилаи маводҳои илмӣ, маълумотӣ, иттилоотӣ ва методӣ, таҷрибаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва дигар ташкилотҳо ва иттиҳодияҳое, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон иштирок мекунанд; гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ва чорабиниҳо оид ба масъалаҳои гуногуни сиёсати ҷавонон ва ҳамкории ҷавонон» [31, с.2].
Дар баробари Тоҷикистон, аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИДМ-и имрӯза татбиқи системаи сиёсати давлатии ҷавононро дар кишваҳои худ қабул кардаанд. Ғайр аз ин, ин сиёсат дар аксари кишварҳои Ғарб низ татбиқ карда мешавад, ки аҳамият ва афзалиятнокии онро дар рушди давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷаҳони муосир, дар шароити тағйироти босуръат ва демократикунонии ҷомеа, муҳим аст ва яке аз асосҳои ин сиёсат худи ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки ояндаи онҳо, яъне ояндаи ҷомеа (дар симои ҷавонон) имрӯз муайян карда мешавад.
Хулоса мегардад, ки дар шароити Тоҷикистон — давлати аз ҳам лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ-демографӣ ҷавон амалӣ намудани сиёсати мақсаднок ва устувор дар самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ташкил намудани ниҳодҳои илмию тадқиқотӣ ва ихтисосии омӯзиш ва таълими сиёсати давлатии ҷавонон аҳамиятнок ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Ҷорӣ намудани фанни «Сиёсати ҷавонон» метавонад гурӯҳи мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаро дар самти худшиносӣ, худгоҳӣ, ҳувияти миллӣ, захираи кадрӣ, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими шуури сиёсӣ, маданияти иқтисодӣ ва ғайра ҳал намояд ва ё ба ҳалли муносиб ва муосири онҳо мусоидат намояд.
§1.2. Хусусиятҳои консептуалии сиёсати давлатии ҷавонон
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати ҷавонон як бахши нави ҷомеа аст, яъне он расман вуҷуд надошта, дар шароити равандҳо ва дигаргуншавиҳои сиёсӣ ташаккул ёфт. Ин навъи сиёсат дар шароити талошҳои зиёд ва муштараки соҳаҳои гуногун дар раванди ҳалли мушкилоти бисёрҷанбаи ҷавонон ба манфиати шукуфоии ояндаи ҷомеа ташаккул ёфта, дар ин замина имкониятҳои муайянро барои мутобиқшавӣ, худшиносӣ ва рушди ҷавонон дар роҳи шахсиятсозӣ ва пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа фароҳам овард. Аз ин рӯ, назарияи сиёсати давлатии ҷавонон маҷмӯи чораҳоеро дар бар мегирад, ки барои ташаккул ва рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни давлат, ҷомеа ва ҷавонон равона шудаанд [32].
Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон ба имкониятҳо ё шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҷавонон дар ҷомеа асос меёбад. Ин хусусияти бисёрҷонибаи сиёсат усулҳои муносиби уфуқӣ ва амудӣ, таъсиррасонии бисёрсоҳавӣ, масъулияти интизомӣ ва таъсиррасонии бунёдиро (принсипиалиро) тақозо мекунад [33].
Зимни таҳлили ин муқаррарот ва роҳҳои ноил шудан ба онҳо, метавон тасаввуроти мувофиқро оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, аҳамият ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонон ба даст овард.
Усулҳо ё сохтори амудии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чунинанд:
— равонасозӣ самти сиёсати ҷавонон аз боло ба поён, яъне аз сатҳи миллӣ то ба сатҳи минтақавӣ ва сипас ба сатҳи маҳаллӣ ва худидоракунӣ;
— таҳияи қонунгузории соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи миллӣ ва пешниҳоди он барои татбиқ ба сохторҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ;
— ташаккули низоми (системаи) идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон аз боло ба поён, мувофиқан муайян кардани ҳад ва ҳудуди ваколатҳо, уҳдадориҳо ва самтҳои амалӣ ва муносиби фаъолият;
— барномасозӣ ва банақшагирии вазифаҳо оид ба таъмини устуворӣ ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа ва самти татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои таҳияшуда дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ;
— мониторинг ва баҳодиҳии раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва мутаносибан ташаккули махзани миллии иттилоотӣ, ки тамоми сатҳҳои фаъолияти низоми идоракунӣ ва вазъро дар байни ҷавонон дар бар мегирад;
— ташаккули механизми миллии таъсиррасонии идеологии сиёсати давлатии чавонон, тарбия ва таълими ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сулхдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайра;
— таҳкими заминаи илмии сиёсати давлатии ҷавонон, бо назардошти ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва таъмини манфиатҳои ҷавонон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дастгирии фаъолияти илмии истеъдодҳои ҷавон, бо ин васила мусоидат ба рушди нерўи зеҳнии кишвар;
— ташаккули механизми таъмини кадрҳо дар низоми сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла муайян намудани фаъолияти намуди кор бо ҷавонон ба сифати ихтисос ё касб (омодасозии кадрҳо, роҳнамоии касбӣ ва таҷрибаомӯзии мутахассисони ин соҳа).
Сохтори амудии идоракунӣ бештар ба низомҳои сотсиалистӣ ва коммунистии ҳокимият, ки асоси онҳоро муттамарказонидани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими онҳо ташкил медод, монандӣ мекунад [34, с. 86]. Зимнан, дар Тоҷикистон, ки даҳсолаҳои зиёд қисми давлати Шӯравӣ буд, равишҳои амудии идоракунӣ то ҳол амалӣ мегарданд. Бо вуҷуди ин, низоми демократии ҳокимияти давлатӣ низ таъсир мерасонад ва ҳолати баръаксро талқин мекунад, яъне ғайримарказикунонии идоракуниро, ки дар навбати худ равишҳои (усулҳои) уфуқиро ба низоми идоракунӣ ворид месозад.
Ҳамин тариқ, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун як қисми сиёсати давлатӣ айни замон бояд усули омехтаи идоракуниро дошта бошад; аммо ба равиши демократикунонии ҷомеа, яъне усули уфуқӣ, ба ҳар ҳол, зарур аст, ки афзалият дода шавад. Усули уфуқӣ, яъне ғайримарказикунонии муносибатҳо ба рушди қобилиятҳои идоракунии ҷомеаи маҳаллӣ мусоидат менамояд [35, с. 190].
1.2.1. Усулҳои уфуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон инҳоянд:
— равонасозии самти сиёсат нисбат ба ҷавонон дар як уфуқ, 1) дар асоси шароиту имкониятҳои маҳал ва 2) сиёсати дар сатҳи миллӣ таҳияшуда. Яъне дар татбиқи сиёсати ҷавонон бояд ба иқтидори маҳаллӣ афзалият дода шавад, зимнан эҳтимолияти он ҷой дорад, ки на ҳамаи вазифагузориҳои сиёсати миллӣ дар сатҳи маҳал татбиқ мешаванд;
— таҳияи заминаи меъёрии сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси қонунгузории миллӣ бо дарназардошти мутобиқгардонии он ба шароит ва иқтидори идоракунии сатҳи маҳал;
— ташаккули системаи идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи маҳал бо тартиби уфуқӣ (ки айни замон татбиқ карда намешавад). Дар инҷо воҳидҳои роҳбарикунандаро муайян намуда, маблағгузории онро аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мондан лозим аст. Ҳамчунин барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ва низоми мукаммали идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон иқтидори идоракунии мақомоти вилоятиро пурзӯр кардан зарур меояд. Дар навбати худ, ба мақамоти вилоятҳоро зарур аст, ки системаи идоракунии сиёсати давлатии ҷавононро дар сатҳи вилоятӣ ва бо дарназардошти имконоти худ ташкил кунанд;
— ташаккули низоми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, мутаносибан муайян намудани сатҳ ва ҳудуди ваколатҳо, салоҳиятҳо ва самти фаъолият. Дар ин сурат сохтори кор бо ҷавонон бояд такягоҳи асосӣ бошад ва аз ин рӯ, он бояд вазифаҳои ҳамоҳангсозӣ, назорат ва арзёбии фаъолияти тамоми сохторҳоро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба уҳда дошта бошад.
— барномасозӣ ва банақшагирии вазифаҳо оид ба таъмини устуворӣ ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи маҳал дар асоси барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ ва бо назардошти шароит ва имкониятҳои маҳаллӣ;
— ҳамгироии кушишу талошҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фаъол гардонидани иштироки доираи соҳибкорони маҳаллӣ дар раванди татбиқи онҳо.
— таъсиси фондҳо ва марказҳо барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, ки барои ҷалби мунтазами ҷавонон ба татбиқи барномаҳои иҷтимоии ҷавонон равона шудаанд. Яъне, ҳавасманд гардонидани онҳо ҷиҳати иштирок дар амалисозии барномаҳои алоқаманд;
— ташаккули механизми фаъолсозии иҷтимоии ҷавонон тавассути рушди иқтидори ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
— мониторинг ва баҳодиҳии раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мутаносибан ташаккули махзани омори иттилоотии маҳаллӣ бо фарогирии фаъолияти низоми идоракунӣ ва танзими вазъи ҷавонон дар сатҳи маҳал;
— ташаккули механизми маҳаллии тарбияи идеологии ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайра;
— ташаккули механизми бо кадрҳо таъмин намудани низоми маҳаллии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳамгироӣ бо низоми миллӣ.
Тавре маълум мегардад, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба равиши (усули) идоракунии уфуқӣ, яъне татбиқи он дар сатҳи маҳал, вобастагии зиёд дорад, чуноне ки низоми идоракунии демократӣ талаб мекунад. Аммо дар амал, бори аввал ба дӯши низоми миллӣ (равиши амудӣ) меафтад. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ, бояд ба ҳадафҳо ва мақсадҳои функсионалии ин ду равиш (усул) диққати махсус дода шавад.
Усули дигари татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки хусусияти бисёрсоҳавӣ дорад, ба якчанд самти фаъолият нигаронида шуда, таъсиррасонӣ ё саҳмгузории соҳаҳои гуногуни низоми идоракуниро тақозо мекунад.
1.2.2. Усули таъсиррасонии бисёрсоҳавӣ
Дар баробари ду усули дар боло баррасишуда, технологияи таъсиррасонии бисёрсоҳавӣ низ ҳадафи хос дорад.
Дар боло якчанд далел пешниҳод шуданд, ки сиёсати ҷавонон як низоми ҳамкории байнисоҳавӣ мебошад ва барои фаъолсозии ҷавонон ва ҳалли мушкилоти зиндагии онҳо равона шудааст [36, с. 335]. Ин маънои онро дорад, ки сиёсати давлатии ҷавонон бе ҳамкории мутақобилаи соҳаҳои дахлдор, бахусус маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, шуғл, занон, оила, фарҳанг, варзиш ва дин вуҷуд дошта наметавонад. Ғайр аз ин, сарфи назар аз вазифаҳои ҳамоҳангсозии соҳаи кор бо ҷавонон, ҳудудан ҳамаи дигар соҳаҳо нисбат ба ҷавонон вазифаҳои хоси худро доранд, ки ин ҳамчун асос барои муайян кардани дараҷаи уҳдадориҳои онҳо ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар як сатҳ арзёбӣ мегардад.
Моҳияти сиёсати давлатии ҷавонон дар он аст, ки он бояд дар ҳама соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамчун воҳиди қисми махсус фаъол ва намоён бошад, фаъолияти он ҳамеша эҳсос шавад ва ба рафтор ва муносибати муҳит таъсири назаррас расонад. Он инчунин бояд рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии ҷавононро тақвият бахшад ва бо ин васила ба тақвияти асосҳои идеологияи миллӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, таълимӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мусоидат намояд.
Ҳамин тариқ, нақш, аҳамият ва дараҷаи таъсиррасонии бисёрсоҳавӣ дар таъмини рушди устувори сиёсати давлатии ҷавононро метавон чунин муайян кард:
— ташаккул ва тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон байни соҳаҳо, бахусус муайян кардани сатҳи ҳамоҳангии мутақобила ва таъсиррасонии соҳаи кор бо ҷавонон ба дигар соҳаҳо, ки беш аз 40 фисади вазифаҳои онҳо мустақиман ё бавосита ба масъалаҳои ҷавонон алоқамандӣ дорад;
— азнавсозии (таҷдид) сиёсати идоракунии соҳаҳо (сохторҳое, ки дар онҳо беш аз 30% кормандонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд) бо назардошти дохил кардани воҳиди махсуси оид ба кор бо ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба ҳайати роҳбарикунанда;
— таҳия ва татбиқи сиёсати босалоҳият (функсионалӣ) ва бонизоми байнисоҳавӣ нисбат ба ҷавонон бо фарогирии нақшаҳои амалӣ, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои дорои хусусияти идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ;
— мунтазам ва бо тартиби муайян ҷалб намудани доира соҳибкорӣ дар ҷараёни татбиқи ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ дар байни ҷавонон;
— фаъол гардонидани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, муайян кардани мушкилоти иҷтимоӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои алоқаманд дар байни ҷавонон;
— таҳия ва ба роҳ мондани механизми амалисозии василаҳои ҳавасмандгардонии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соҳаи мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади тақвият бахшидани рӯҳия, сатҳи шуурнокӣ ва ҷисми сарбозон, инчунин тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида;
— рушди иқтидори кадрӣ барои инфрасохтори соҳаҳои варзиш ва фарҳанг ва ҷалби мунтазами ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонӣ ва маърифати фарҳангӣ.
Ҳамчунин бисёр тадбирҳои дигаре низ мавҷуданд, ки хусусияти соҳавӣ дошта, аз як соҳаи муайян ва ё сохтори ғайриҳукуматӣ вобастаанд ва метавонанд барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон истифода шаванд.
Фаъолияти амалии ин механизм — усули байнисоҳавӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон на танҳо инкишофи пурраи ҷавононро метавонад таъмин кунад, балки вазифаҳои давлатро сабук гардонад, маблағҳои муайянро сарфа кунад, иҷрои самараноки вазифаҳои салоҳиятноки (функсионалии) соҳаҳоро осон кунад ва аз ҳама муҳим он ки барои худинкишофёбии соҳаҳо дастгоҳи ёридиҳандаеро эҷод кунад. Ба ибораи дигар, ин равиш (усул) ҳам барои ҳокимияти давлатӣ ва ҳам барои ҷомеа, инчунин барои бахшҳои алоҳида фоидаовар мебошад.
Дар боло чанде назарияҳо оид ба усулҳои идоракунӣ ва татбиқи унсурҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, дар заминаи таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин баъзе назарияҳои умумӣ марбут ба шахсияти ҷавон мавҷуданд. Яке аз вазифаҳои маъмултарин ва муҳимтарин дар самти тарбияи ҷавонон, ин усулҳои интизомии таъсиррасонӣ мебошад, ки дар солҳои охир дар самти идоракунӣ бештар истифода мешаванд.
1.2.3. Усули масъулияти интизомӣ
Масъулият дар таъмини интизом, ин маҷмӯи муносибатҳо ва чораҳои интизомие мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади таълиму тарбияи ҷавонон ба амал бароварда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки интизом дар ин ҷо ҳамчун як чораи тарбиявӣ барои субъектҳо ва объектҳои сиёсати ҷавонон баррасӣ мешавад. Мувофиқан, масъулияти интизомӣ ҳамчун як чораи байнисоҳавӣ ва байнисубъективии соҳаи тарбия пешниҳод карда мешавад.
Масъулият барои таълиму тарбияи ҷавонон, бахусус кӯдакон (то 18-сола) шохчаҳои паҳншуда дорад, ки сараввал ба оила, сипас ба мактаб (муассисаҳои таълимӣ) ва дар ниҳоят ба муҳити зист (ҷомеа) бор мегардад. Ин шохчаҳоро метавон муассисаҳои таълимӣ номид, ки ҳар кадом дар таълиму тарбияи ҷавонон масъулияти ҳадафноки худро дорад [37, c. 10].
Оила шахси ҷавонро аз рӯзи аввали ба дунё омадан тарбия мекунад, ӯро бо муҳаббат ва меҳрубонӣ фаро мегирад, аз таъсири беруна муҳофизат мекунад ва ғайра. Мактаб бо шахси ҷавон аз лаҳзаи ворид шудани ӯ ба марҳилаи нави ҳаёт — ба миён омадани талабот барои дониш ва пайдо шудани эҳсоси худшиносӣ дар ӯ, ҳамкорӣ мекунад. Ниҳоятан ҷомеа ҳамеша тавассути чораҳои ибратбахши тарбиявию маърифатӣ ва иттилоотӣ ба шахси ҷавон таъсир мерасонад.
Аммо, дар муқоиса бо ду ниҳоди аввалӣ чораҳои ибратбахши ҷомеа то андозае мубрам (принсипиалӣ) нестанд; яъне онҳо умумӣ ва асосан иттилоотӣ мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб зарурати таҳияи равиши (усули) масъулият дар таъмини интизоми ҷавонон пеш меояд, то ин ки ниҳодҳо якдигарро пурра кунанд. Дар айни замон, масъулияти интизомии ҳарсеи ниҳодҳо, ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар маҷмуъ, номукаммал боқӣ мемонад. Ба таври содда чунин метавон баррасӣ намуд: дар як оила шахс хуб тарбия меёбад, аммо дар оилае бад; дар як мактаб таълимгирандагон бо ҳам дӯстанд, аммо дар мактаби дигар дар низоъ; дар як кӯча одамон дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекунанд, аммо дар кӯчаи дигар онҳо ноороманд ва ғайра.
Ҳамин тариқ, чораҳои масъулияти интизомро байни соҳаҳои ҳокимият чунин вобаста кардан мумкин аст:
— Масъулияти байнисоҳавии ҳамоҳангшуда: ташаккули механизми ҳамоҳангсозии амалҳо байни ниҳодҳои тарбиявии ҷавонон, ки дар инҷо яке аз ниҳодҳо илова бар масъулияти асосиаш ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсоз муқаррар мегардад. Ниҳодҳо барои ноил шудан ба ҳадафи умумӣ чораҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо таҳия ва амалӣ мекунанд. Масалан, вобаста ба тарбияи идеологии ҷавонон ҳар як соҳа саҳми худро мегузорад, ки он пешакӣ ба нақша гирифта шуда, бо дигар ниҳодҳо мувофиқа карда шудааст ва барои ҳамоҳангсозӣ бо онҳо нуқтаҳои муайяни боҳамоӣ (амалиёти муштарак) дорад. Намунаи чунин чораюинӣ, ин таҳия ва татбиқи нақшаи амалиёти байнисоҳавӣ мебошад, ки дар он нақши ҳар як ниҳод муайян ва барои ноил шудан ба ҳадафи мушаххас равона карда шудааст.
— Масъулияти мувофиқашуда оид ба таъмини интизом: ҳадафи мушаххаси интизомӣ бо ҳамоҳангии байни ниҳодҳои тарбиявии ҷавонон таҳия ва амалӣ мегардад. Ҳар ниҳоде, ки амалисозии гурӯҳи муайяни вазифаҳоро ба нақша гирифтааст, онҳоро бо дигар ниҳодҳо мувофиқа мекунад, то инки такрори чорабиниҳо пешгирӣ карда шавад ва бо ин васила ниҳодҳои дигарро аз чораҳои банақшагирифташуда ва натиҷаҳои пешбинишуда огоҳ месозад.
— Масъулияти сатҳи миллӣ дар таъмини интизом: иқтидори умумии ниҳодҳо ҷиҳати иҷрои вазифаи мушаххаси сатҳи миллӣ муттаҳид карда мешавад, зимнан ҳар як ниҳод барои ноил шудан ба ҳадафи муқарраршуда, яъне дар доираи нақшаи умумии амалҳо саъю кӯшиш мекунад.
— Мониторинги амалҳои байнисоҳавӣ: Барои пайгирии татбиқи чораҳои интизомӣ, ҳар як ниҳод бояд бахши мониторинг ва баҳодиҳӣ ташкил намояд. Нақши он бояд аз назорат кардани ҷараёни чораҳои амалӣ, бахусус чорабиниҳое, ки аз ҷониби дигар ниҳодҳо амалӣ карда мешаванд, иборат бошад. Ин усул ҳамчунин принсипҳои усули «Масъулияти байнисоҳавии ҳамоҳангшуда» -ро дар бар мегирад.
Ҳамин тариқ, бо истифода аз усули «масъулият дар таъмини интизом» барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мо ба як қатор чораҳои бонизом, ҳамоҳангшуда, банақшагирифташуда ва мувофиқашуда, ки ҳамаи ҷонибҳо, аз ҷумла худи ҷавононро дар бар мегиранд, ноил хоҳем шуд. Мушкилоте, ки бисёре аз субъектҳои сиёсати давлатии ҷавононро ҳам дар кишвари мо ва ҳам дар саросари ҷаҳон ба ташвиш овардааст, ин масъулият дар таъмини интизоми ҷавонон мебошад, ки гурӯҳи васеътари субъектҳоро ҷалб месозад.
Асоси назариявии сиёсати давлатии ҷавононро як василаи муҳими дигар низ, ишғол мекунад — таъсиррасонии бунёдӣ ба тафаккури насли ҷавон», ки дар навбати худ, дар шароити афзоиши падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон, аз қабили экстремизм, терроризм, ксенофобия, ҷинояткорӣ, фоҳишагӣ, нашъамандӣ ва ғайра, аҳамияти хосса пайдо мекунад.
1.2.4. Усули таъсиррасонии бунёдӣ (принсипиалӣ)
Усули «таъсиррасонии бунёдӣ» -ро метавон ба сифати яке аз технологияҳои асосии тарбияи идеологии ҷавонон ва татбиқи ҷанбаҳои идеологии сиёсати давлатии ҷавонон муносиб донист, ки дар шароити ҷомеаи муосир, бахусус барои муқовимат бо падидаҳои манфӣ, ки ба соҳибихтиёрии давлат, сулҳу осоиштагии ҷомеа таҳдид мекунанд, тақозо мегардад [38, с.52].


