Сиёсати ҷавонон

- -
- 100%
- +
Дар Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ дар давраи гузариши кишвар ба низоми нави давлатӣ ва иҷтимоӣ пайдо шуд. Ин давра, мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ, барои Тоҷикистон ғайричашмдошт буд ва боиси коҳиши иқтисодиёт ва таъминоти иҷтимоии аҳолӣ гардид. Дар баробари ин омилҳо ҷанги шаҳрвандӣ пешорӯ омад, ки ба иқтисодиёт ва худкифоии иҷтимоии кишвар таъсири дучанди манфӣ расонид.
Тоҷикистон бо аҳолии ҷавонаш кишварест дорои захира ва қувваи меҳнатӣ, 57,1 фисади аҳолӣ қишри қобили меҳнат мебошад, ки дар таносуб ба талаботи бозори меҳнат ва ё шуғл зиёд (изофа) аст [58, с.54]. Аз ин рӯ, дар баробари дигар омилҳо изофаи қувваи кории кишвар низ ба шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад.
Имрӯз қисми назарраси ММД-и ҷумҳурӣ аз маблағҳое иборат аст, ки дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷа ба даст омадаанд, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ дар рушди вазъи иқтисодии кишвар мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
Дар айни замон, муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари аҳамиятнокӣ пайомадҳои дорои хусусияти манфии муайянеро ба бор овардааст, ки ин махсусан дар соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба назар мерасад. Мувофиқи таҳлилҳо 37,8% муҳоҷирони меҳнатӣ азм доранд, ки дар Русия ба таври доимӣ бимонанд; ҳамкорӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ/шаҳрвандони мо заиф аст; Ҷамъияти миллӣ ва дигар намояндагиҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамкории зич надоранд; 25,8% муҳоҷирони меҳнатӣ амалан ба ҳаёти ҷамъиятии кишвар таваҷҷӯҳ надоранд; 14,4% шаҳрвандони мо намедонанд, ки пас аз хатми мактаб фарзандонашонро ба кадом намуди таҳсилоти касбӣ равона созанд [59, с.10—15].
Яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирати меҳнатӣ ин фаъолияти меҳнатии ғайрирасмии онҳо дар хориҷ, бахусус дар Федератсияи Русия мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2024 ба 550 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин беш аз 120 ҳазор (ё 21,8%) нафар фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ доранд [60].
Ин мушкилот низ, аз якчанд омил иборат аст, аз ҷумла надоштани маълумоти касбии зарурӣ ва паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон, аз як тараф, аз тарафи дигар ба таври сунъи ташкил гардидани шароити (ҷалб гардидан ба) фаъолияти ғайрирасмӣ аз ҷониби кордиҳандагони кишварҳои будубош (қабулкунанда). Охирин бо мақсади саркашӣ кардан ва дурӣ ҷустан аз супоридани андозҳои давлатӣ ҷорӣ гардидааст, чун зимни фаъолияти расмии меҳнатӣ якчанд намуди андозҳо ситонида мешаванд.
Ҳудуди 85 фисади муҳоҷирони меҳнатӣ маълумоти касбӣ надоранд, зимнан, аксари онҳо дар гурӯҳи корҳои пастсифат ва камарзиш, аз ҷумла дар самти сохтмон 345 ҳазор нафар (64,4%) ва дар самти савдо 79,3 ҳазор навар (13,3%) фаъолият доранд, дар гурӯҳи корҳои баландмақому гаронарзиш бошад, ба мисли фаъолияти касбӣ, илмӣ, техникӣ, маъмурӣ ва ғайра ҳамагӣ то 1% машғул мебошанд [61, с.64]. Албатта, барои миллати дорои тамаддуни қадима ва таъриху фарҳанги ғанни ин рақамҳо нанговар ва ташвишовар аст.
Ҳазамон, мушкилоте, ки ҷомеаро нигарон мекунад, ин сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Чи тавре болотар зикр гардид, имрӯз гурӯҳи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дар хадамоти дахлдори расмӣ ба қайд гирифта нашудаанд ва ин ба он оварда мерасонад, дар оянда онҳо аз имтиёзҳои иҷтимоӣ, бахусус нафақа фориғ мемонанд. Шумораи зиёди ҷавонон оила барпо мекунанд ва барои кор ба хориҷа мераванд, ки дар натиҷа оилаҳои носолим, талоқ, низоъҳои оилавӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Илова бар ин, шумораи зиёди фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ аз таҳсилоти муносиб ва нигоҳубини комли волидайн, яъне аз тарбияи оилавӣ фориғанд. Дар маҷмӯъ, ин ва дигар мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ба рушди ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонад ва зарур аст, ки ҳарчи зудтар шиддати муҳофирати меҳнатӣ паст карда шавад.
Дар ҳошияи ин масъала насли ҷавони кишвар мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Дар соли 2016 шумораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар 517 ҳазор нафар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки 40 фисади онро ҷавонон ташкил медиҳанд [62, с.105].
Ҷавонон ҳам захираи асосии рушди иқтисодӣ ва ҳам гурӯҳи пешбарандаи муносибатҳо ва тағйиротҳои иҷтимоӣ ва технологӣ (модернизатсия) мебошанд. Тафаккури эҷодӣ, ғоявӣ, қувваи (энергияи) пуриқтидор ва фаҳмиши зуди ҷавонон барои таъмини рушди пайвастаи ҷомеае, ки онҳо дар он зиндагӣ мекунанд, хеле аҳамиятнок аст.
Ба ибораи дигар, натиҷагирӣ аз стратегияҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки насли имрӯза бо мақсади рушд интихоб кардааст, аз насли оянда вобаста аст, зеро маҳз ҷавонон барнадаи ғояҳо, назарҳо, принсипҳои ахлоқӣ, инчунин шаклҳо, усулҳо ва арзишҳои ҳаёти ҷамъиятӣ арзёбӣ мегарднад. Аз ин рӯ, вазъи иҷтимоию иқтисодии насли ҷавон, ҳамчун пуркунандаи ояндаи захираҳои инсонӣ, — ки рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро таъмин мекунад, — асосан мундариҷа ва вижагиҳои ояндаро муайян мекунад ва ин вазъ (муносибат бо ҷавонон) имрӯз муайян мекунад, ки кадом ғояҳо метавонанд амалӣ шаванд ва кадоме не. Яъне, сармоягузорӣ барои оянда ин сармоягузорӣ ба насли имрӯзаи ҷавонон аст.
Масъалаи дигаре, ки ҳалли он тақозо мегардад, ин дастгирии оилаҳои ҷавон ва мутахассисони ҷавон ҷиҳати таъмин бо манзили истиқоматӣ мебошад. Тавре аз таҳлилҳои боло бармеояд дар Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои рӯ ба инкишоф, оилаҳои ҷавон барои харидан ё сохтани манзил ва дастарсӣ ба қарзҳои бонкӣ (ипотекӣ) имконият надоранд.
Мутобиқи таҳлиҳои оморӣ 24,5 фисади аҳолӣ (64% аз шумораи умумии ҷавонон) ҷавонони синни издивоҷ мебошанд. Дар натиҷа, мушкилоти марбут ба таъминоти иҷтимоии оилаҳо афзоиш дорад, аз ҷумла норасоии манзили истиқоматӣ, сатҳи бекорӣ, низоъҳои оилавӣ ва ғайра [63, с. 25].
Яке аз мушкилоти асосии марбут ба таъмини сифати хизматрасонӣ ин норасоии кадрҳо, бахусус дар соҳаи маориф мебошад. Азбаски шароит дар шаҳрҳо нисбат ба деҳот беҳтар аст, мутахассисони ҷавон, аз ҷумла омӯзгорон фаъолияти омӯгориро дар шаҳрҳо афзалтар медонанд ва дар натиҷа гурӯҳи муайяни ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои олии касбӣ ба макони зисти худ, яъне ба маҳал / деҳот бар намегарданд.
Гузашта аз ин, барои дастгирии мутахассисони соҳибтахассус ҷиҳати таъмин бо манзил ва дигар намудҳои дастгириҳои иҷтимоӣ дар давраи муҳоҷират ё ҳангоми интиқол ба ҷои дигари кор шароити зарурӣ фароҳам оварда нашудааст, ки боиси норасоӣ ва кам будани ҳавасмандии мутахассисони ҷавон дар низоми маориф ва идоракунӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, бо назардошти мушкилоти мавҷуда, таҳия ва татбиқи механизми дастгирии оилаҳои ҷавон ва мутахассисони ҷавон дар таъмини шароити муносиби зиндагӣ ба онҳо мувофиқи мақсад аст, аз ҷумла тариқи татбиқи барномаҳои дастгирии иҷтимоии давлатӣ ва ҷалби ташкилотҳои молиявӣ, қарзӣ ва бонкҳо дар таъмини қарзҳои имтиёзнок (ипотекӣ) барои харид ё сохтмони манзил.
Ҳамин тариқ, татбиқи сиёсати иҷтимоии ҷавонон дар ҳолати имрӯза заиф арзёбӣ мегардад. Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таҳияи механизмҳои нав ва устувори дастгирии иҷтимоии ҷавонон зарур аст. Дар ин робита, истифодаи имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда бо муттаҳид кардани талошҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор — ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳокимияти давлатӣ аҳамиятнок аст.
1.3.1.6 Таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон бар он асос ёфтааст, ки ҳама гуна ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фардии шаҳрвандони ҷавон, ки дар Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бояд эътироф карда шаванд. Пеш аз ҳама, Ин ҳангоми татбиқи амалии ҳамаи ҳуқуқ ва манфиатҳое, ки қонунгузорӣ дар ҷомеаи муосир нисбат ба ҷавонон муайян кардааст, ба назар гирифта мешавад.
Ҷавонон бинобар мавқеи иҷтимоию ҳуқуқии маҳдуди худ ҳамарӯза ба фишор ва ё таъсиррасонии манфии — «ҳукмфармоии» қишри калонсол дучор мешаванд. Ин муносибатҳо ҳамчун меъёрҳои умумиҷтимоии қабулшуда ва дорои хусусияти рафторӣ, равонӣ ва физиологӣ дар раванди тарбияи насли наврас ба таври васеъ амалӣ мегарданд. Мувофиқан, ҳамчун вокуниш дар ҷомеа афзоишёбии падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон мушоҳида мегардад, ки мо онро муфассалтар баррасӣ хоҳем кард.
Албатта, дар шароити тарбияи ҷавонон то ба замони қобили амал гардидани онҳо татбиқи василаҳои фармоишии тарбиявӣ раво аст, аммо аз онҳо набояд сӯиистифода кард.
Дар муҳити ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир дар баробари мушкилоти асосии ҳуқуқӣ рафтори номатлуб ё манфии ҷавонон афзоиш меёбад, ки ин боиси афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, танфурӯшӣ, нашъамандӣ ва ғайра мегардад.
Рафтори номатлуб, ин амал ва кирдори шахсест, ки ба меъёрҳо, интизориҳо ва вазифаҳои муқарраршуда ё мавҷудаи иҷтимоӣ дар ҷомеа мувофиқат намекунад.
Умуман, муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) мусбат, ки ба рушди устувори низоми муносибатҳо, тақвияти сатҳи ташкилии онҳо ва таҳким бахшидан ба рафтори мутташаккилона мусоидат мекунанд, ба мисоли фаъолияти эҷодкорӣ, илмӣ, идоракунӣ, ихтироот ва ғайра ва 2) манфӣ, ки ба ташаккул ё рушди низоми муносибатҳо халал мерасонад ва монеъ мегардад, аз қабили, тундгароӣ, хурофот, экстремизм, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, танфурӯшӣ ва ғайра.
Фарқи байни рафторҳои мусбат ва манфӣ дар он аст, ки рафтори аввалӣ созанда аст, дар ҳоле ки рафтори дуюмӣ харобиовар мебошад. Аммо, муаммо дар он аст, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад; яъне онҳо бо ҳам алоқаманданд. Аз ин рӯ, аз замони пайдоиши инсоният дар ҷаҳон некӣ ва бадӣ, бесарусомонӣ ва тартибот, ахлоқ ва бадахлоқӣ ва ғайра дар муборизаи абадӣ вуҷуд дорад.
Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки муносибат ба рафторҳои ғайриахлоқӣ дар байни гурӯҳҳои ҷавонон баъзан фарқ мекунад. Гурӯҳи муайяни ҷавонон дуздӣ, зӯроварӣ, ғорат, қалобӣ, танфурӯшӣ ва роҳзаниро то андозае ҷиноят намешуморанд. Яъне, нерӯ ва ё диди равонии онҳо хароб гардида, бадро бо нек омехта намуда, аз амалу рафторҳои бадахлоқонаи хеш ҳаловат мебаранд.
Оқибатҳои манфии шинос шудан ба саҳнаҳои бераҳмӣ ва зӯроварию таҷовуз дар воситаҳои телевизион ва Интернет ба неруи равонии кӯдакон ва ҷавонон зарба зада, онҳоро ба тақлидкорӣ ва намоиш додани худ ба мисли «қаҳрамонҳо» -и дӯстдошта такон медиҳанд. Робитаи эҳсосотӣ бо бузургқаҳрамонҳои беҳамто, саргузаштҳои ошиқӣ, задухӯрдҳо ва муборизаҳо эътиқод ва эътимодеро ба вуҷуд меоранд, ки танҳо тавассути истифодаи қувваи ҷисмонӣ метавон ба муваффақият ва хуб гардидани сатҳи зиндагӣ ноил шуд. Дар натиҷа, шахси ҷавон аксар вақт ба ҳолате (интихобе) рӯбарӯ мешавад: кӣ бояд шавад, қурбонӣ ё ҷинояткор? Бисёриҳо роҳи дуюмро интихоб мекунанд ва сабаби ин интихоб асосан аз «таваҷҷуҳи» насли калонсол маншаъ мегирад.
Дар байни наврасон ва ҷавонон, аз ҷумла ятимон ва кӯдакони кӯчагард ҳолатҳои зиёди ҷиноятҳо, аз қабили дуздӣ, роҳзанӣ, ҳамла, зӯроварӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд. Дар солҳои охир, ҷинояткории ҷавонон, бахусус дар байни ноболиғон афзоиш ёфта истодааст. Дар соли 2024 шумораи ҷиноятҳои бақайдгирифташуда 22315 ҳазор ҳолатро ташкил медиҳад, ки аз ин 3964 ҳолат (17,7%) ба ҷавонон рост меояд. Мутаассифона, ҳолати зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон содир карда мешаванд, ки ин хеле нигаронкунанда аст [64].
Сабабҳои асосии ҷинояткории ҷавонон рафтори номатлуб ва одатҳои бад мебошад. Тибқи таҳқиқоте, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва роҳнамоии ҷавонон гузаронида шуда буд, ҷавонон чунин рафторҳоро манфӣ арзёбӣ мекунанд: таҳқир (64,9%), кашидани тамоку (бинӣ) (63%), таҷовуз (61%), танфурӯшӣ (57%) ва ғайра [65, с.7—9].
Тавре аён аст, таҷовуз сеюмин шакли маъмултарини рафтори номатлуб арзёбӣ мегардад, дар ҳоле ки маъмултар тамокукашӣ ва таҳқири касе мебошад.
Ба саволи «Шумо кадом намудҳои рафтори номатлубро амалӣ кардаед?» ҷавобҳо чунин буданд: 25%-таҳқир кардан, 16%-корҳои аблаҳона кардан, 13%-беандеша рафтор кардан, 12%-роҳзанӣ, 10%-амалҳои зӯроварӣ, 7%-тамоку кашидан, машрубот нӯшидан ва 5%-маводи мухаддир истеъмол кардан.
Новобаста аз он ки маълумоти таҳлилии боло каме кӯҳна шуда бошад ҳам, вазъ ҳоло ҳам беҳбудиро талаб мекунад, рафторҳои номатлуб ва намудҳои ҳуқуқвайронканӣ қариб ки тағйир наёфтааст.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини тарбияи ҷавонон иштироки доимии волидон дар ҳаёти онҳо ба ҳисоб меравад. Набудани робитаи самии эҳсосот ва ё меҳрубонӣ байни ҷавонон ва волидон дар оила метавонад ба осеби равонии бебозгашт оварда расонад, ки дар натиҷа ба рафтори хашмгинона ва бадахлоқонаи шахси ҷавон боис мегардад. Чуноне, ки олими Ғарб, Б. Спок иброз кардааст: «Ҷинояткорон аз ҳисоби он кӯдаконе ба воя мерасанд, ки на аз муҷозоти аз ҳад зиёд, балки аз набудани муҳаббат азоб мекашанд» [66, с.226]. Муҷозот на танҳо таҷовузро (зӯровариро) аз байн намебарад, балки онро ташвиқ менамояд ва тақвият мебахшад, — инро озмоишҳои зиёди байни кӯдакон ва таҷрибаҳои алоқаманди анҷомдода, тасдиқ мекунанд. Мутобиқи таҳлилҳо аксар афроде, ки ба ҷиноятҳои таҷовузкорона даст задаанд, дар айёми кӯдакӣ аз ҷониби волидон ва дигар калонсолон таҳқир, таҷовуз ва амалҳои дигари номатлубро дидаанд.
Дар ҳақиқат, агар дар муносибати волидайн ва фарзанд меҳр, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ кам бошад ё набошад, кӯдак хашмгин ва ё бадхӯй (бадахлоқ) ба воя мерасад. Зимнан, ин хашм ва бадхӯӣ на танҳо ба волидон, балки ба муҳити иҷтимоӣ, мактаб ва дӯстони ӯ низ нигаронида мешавад.
Вақтҳои охир бинобар паст будани сатҳи нигоҳубини кӯдакон аз ҷониби волидон ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ҷавонон бештар ба ҳаракатҳои гуногуни иртиҷоӣ ҳамроҳ шуда истодаанд. Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз мекунад: «Дар солҳои охир терроризм ва экстремизм ба як таҳдиди ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро нигарон мекунад. Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба густариши терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои радикалӣ, ҷалби ҷавонон ба созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ мусоидат мекунад» [67].
Дар ҳақиқат, имрӯз мушкилоти экстремизм ва терроризм на танҳо як масъалаи миллӣ, балки ба як масъалаи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, зеро он аз марзҳо, фарҳангҳо ва миллатҳо фаротар доман дорад. Аммо, дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, ки аҳолии он ҷавон аст, бояд ба омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро онҳо боиси рушди ҷинояткорӣ, экстремизм ва дигар рафторҳои манфии иҷтимоӣ мегарданд.
Дар робита ба ин, дар ҳошияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон фаъолсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳаи маориф, фарҳанг ва тарбияи идеологии ҷавонон таҳияи низоми ягонаи таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон зарур аст, то инки дар самти муқовимат ба омилҳои номатлуб ва тундгароии шаҳрвандони ҷавон тадбирҳои тарбияи рафторӣ, фарҳангӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон ба таври муназзам таҳия ва амалӣ гардонида шаванд.
1.3.1.7 Вазъи иқтисодии ҷавонон
Вазъи иқтисодии ҷавонон асосан аз сатҳи шуур, маърифат ва рафтори онҳо вобаста аст. Шуур на танҳо хусусият ва сифати фаъолияти инсонро муайян мекунад, балки ҳангоми интихоби воситаҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ба мавқегирии маънавӣ низ мусоидат мекунад. Одатан шуури иқтисодӣ бо доираи объекти алоқаманд маҳдуд аст, аммо ҳамчун як шакли шуур, он дорои ҳамаи хосиятҳои табиӣ мебошад, аз ҷумла ҳушдор намудан аз ниёзҳо, талабот, арзишҳо ва манфиатҳо. Тавре маълум аст, маҳз ҳамин ҳушдорсозӣ ва ё огоҳонӣ шакли аслии муносибати фаъол ва интихоби инсонро нисбат ба шароити муҳити зист ифода мекунад.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки рафтори инсон аз дар асоси таъсири мутақобилаи байни шуур ва воқеият муайян карда мешавад, ки ба ташаккулёбии арзишҳои ҳаётӣ таъсир мерасонад ва баръакс, арзишҳои аллакай ташаккулёфта асосан ба дарки воқеият боис мегарданд. Дар робита ба ин, баррасии ҷанбаҳои иҷтимоии ташаккули иқтисоди бозорӣ аҳамияти хосса пайдо менамояд.
Зимнан, вазъи иқтисодии ҷавононро танҳо дар ҳолати мутобиқшавии онҳо ба талаботи давраи гузариш — иқтисоди бозоргонӣ беҳтар кардан мумкин аст, ки ин, дар навбати худ, аз рафтори дуруст, малака ва дониши андӯхтаи онҳо вобаста аст.
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро оилаҳои серфарзанд ташкил медиҳад. Тибқи як таҳқиқоти демографӣ ва тиббӣ, ба ҳар зан 4,8 кӯдак рост меояд, яъне ҳар як оила ба ҳисоби миёна 5—6 фарзанд дорад [68, с.13]. Ин маънои онро дорад, ки сарфи назар аз вазъи ноустувори иқтисодӣ афзоиши сатҳи таваллуд ҷой дорад. Бо вуҷуди ин, даромади миёна ба сари ҳар нафар 1174 сомонӣ (124 доллари ИМА) дар як моҳ аст, ки ба воқеияти вазъи даромад ва хароҷоти оила мутобиқат намекунад. Зеро, ба аксари оилаҳо 1—2 нафар шуғлманд, даромад бадастоваранда, аммо 5—6 нафар истеъмолкунанда рост меояд [69, с.48].
Дар ин масъала дар Гузориши Рушди Ҷаҳонӣ «Рушд ва Насли оянда», ки соли 2007 нашр шудааст, иброз мегардад, ки: «Ҷавонони имрӯза коргарони фардо, соҳибкорон, волидон, шаҳрвандони фаъол ва албатта, пешвоёни ҷомеа мебошанд. Аз сабаби коҳиши сатҳи таваллуд, ҷавонони имрӯза нисбат ба насли волидонашон фарзандони камтар хоҳанд дошт. Ин, дар навбати худ, метавонад ба афзоиши босуръати рушди иқтисодӣ тавассути афзоиши саҳми аҳолии қобили корӣ ва ҷамъоварии пасандозҳои оилавӣ хизмат кунад. Кишварҳои сарватманд ва камбизоат бояд ин имкониятро пеш аз он ки дар натиҷаи пиршавии аҳолӣ аз даст дода шавад, истифода баранд. Ин ба ноил шудан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ ва таъмини коҳиши боз ҳам бештари камбизоатӣ мусоидат мекунад».
Дар шароити Тоҷикистон, ки сатҳи таваллуд афзоиш меёбад, ин масъала — банақшагирии оила ва танзим намудани (коҳиш додани) сатҳи таваллуд, — ба рушди динамикии иқтисодӣ ва дар натиҷа, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва дигар манфиатҳо имконпазир мегардад.
Дар ҳақиқат, бо пеш гирифтани ҳадаф ҷиҳати сармоягузорӣ ба ҷавонон ба таҳсилоти онҳо, танзим ва банақшагирии оила, тарзи ҳаёти солим ва иштироки онҳо дар дигаргунсозиҳои (рушди) сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мо мтеавонем ба рушди динамикӣ ва устувори ҷомеа бирасем.
Рушди иқтисодии ҷавонон асосан аз худи ҷавонон, рафтори онҳо, мутобиқшавии онҳо ба шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва шуғлнокии онҳо дар ҳошияи ташаббускорӣ ва тавсеа қобилиятнокии худ вобаста аст. Имрӯз барои таҳким бахшидани худташаккулёбӣ ва худшиносии ҷавонон, дарёфти мавқеъ дар зиндагӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Ин навбат, зарур аст, ки тақлиду пайравии насли калонсолро як тараф гузошта, шахси ҷавон бояд худ чора андешад, ҳомии ояндаи зиндагӣ худ бошад, ба муассисаҳои таълимии касбии мувофиқ дохил шавад, тахассус омӯзад ва малакаҳои касбии муосирро аз худ кунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати имрӯза барои шуғли ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ҳар як ҷавоне, ки дорои малакаҳои зарурӣ аст, метавонад соҳибкории (тиҷорати) худро диҳад, ширкат кушояд, корхона созад, хадамоти иҷтимоӣ ва ғайра ташкил намуда, ҳамзамон шумори зиёди ҷавононро ба кор ҷалб кунад.
Дар ҷомеаи муосир, дар аксари кишварҳо яке аз манбаъҳои асосии даромади оила фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Ин намуди фаъоляит роҳи осонтарини ба даст овардани шуғл аст, зеро он бисёрҷанба буда, хадамоти гуногуни кушодаро фаро мегирад ва ё ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд ва барои ҳар касе, ки хоҳиш, дониш ва малака зарурӣ, ҳатто заминавӣ барои оғоз кардани тиҷорати худро дорад, дастрас аст.
Дар шароити Тоҷикистон, дар давраи гузариш гурӯҳи зиёди шаҳрвандон ба тиҷорати хурд рӯ оварданд. Истеҳсолот рушд карда истода, коргоҳҳо ва корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои хусусӣ ва ширкатҳои гуногун таъсис дода шуданд. Имрӯз соҳибкорӣ яке аз манбаъҳои асосии даромади аҳолии кишвар ва тамоми иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Аммо, масъалаи омӯхтан ва ё аз худ кардани рисолати воқеии соҳибкорӣ, аз ҷумла таҳким бахшидани сатҳи дониш ва малака барои пешбурд, рушд ва васеъ гардонидани тиҷорати худ дар байни ҷавонон ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад. На ҳама дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дониш ва малакаи зарурӣ доранд, аксар ин заруратро дарк намекунанд ва гурӯҳе низ ҳаст, ки ба ғизои маънваӣ (дониш) майлу хоҳиш надоранд. Илова бар ин, монеаҳои муайяни қонунгузорӣ ва анъанавӣ дар роҳи рушди соҳибкорӣ мавҷуданд, ки ногузир ба соҳибкорони умедбахш, яъне ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Қонунгузорӣ то ҳанӯз як механизми устувор ва ё ҷолиби ҳавасмандгардонии соҳибкорони ҷавони умедбахшро ба таври возеҳ муқаррар накардааст. Мисол, дар шароити ҳамсоякишвари мо, Чин, соҳибкор нафаре дониста мешавад, ки агар худ ва як нафари дигарро бо ҷойи корӣ таъмин намояд; мувофиқан ба ин гурӯҳи соҳибкорон имтиёзҳои гуногун, ибтидо аз давраи донишҷӯӣ то ба зинаи устувории фаъолият, муқаррар карда мешавад, яъне ҳокимияти давлатӣ ҳамроҳи доимии шахси соҳибкор аст.
Зимнан, шумори зиёди соҳибкорон ин хазинаи пури давлат аз ҳисоби андозҳо арзёбӣ мегардад.
Мтобиқи таҳқиқоти «Диаспора — шарики рушди Тоҷикистон» фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби фаъоли сармоягузорони дохилӣ ноустувор аст. Ҳудуди 55 фисади муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиши оғоз кардани тиҷорат дар Тоҷикистонро надоранд; илова бар ин, 56,7 фисади онҳо ҳатто бо қарзҳои бефоиз намехоҳанд машғули соҳибкорӣ шаванд. Дар гузориши расмии Форуми ҳамватанон дар бораи «Ҷалби диаспора барои рушди миллӣ» омилҳои асосие, ки мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ бояд ба назар гиранд, муайян карда шудаанд. Масалан, 33 фисади муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар сабаби мавҷуд будани фасод (коррупсия), 31% — ноустувории иқтисодӣ ва 22 фисад бинобар паст будани сатҳи эътимод намехоҳанд ба рушди Тоҷикистон саҳмгузор бошанд [70, с.38]. Албатта, то андозае ба ин маълумот розӣ нашудан мумкин аст, чун он 11 сол қабл ҷамъоварӣ гардидааст, аммо онро мушоҳида кардан мумкин аст, ки воқеан, то ҳол ягон низоми сармоягузорӣ ва ё бақайдгирии саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ташаккул наёфтааст.
Ин маънои онро дорад, ки дар ҳақиқат дар ҷомеа гурӯӯҳи мушкилоте вуҷуд доранд, ки монеи рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мешаванд ва дахолати мақсаднок зарур аст.
Дар робита ба ин, шахсони ҷавонро мебояд тиҷорати худро ташкил намоянд, малакаҳои заруриро ба даст оварда, касбу ихтисоси дуруст ва муносибу мувофиқ ба бозори меҳнатро интихоб намоянд. Ҳамзамон, ҳокимияти давлатӣ бояд барои рушди соҳибкории ҷавонон ҳарчи бештар шароит фароҳам оварад ва барои ниҳодҳое, ки ингуна ташаббусҳоро дастгирӣ мекунанд имтиёзҳои мушаххас ва натиҷабор муқаррар созад.
Яке аз ҳадафҳои асосии рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон, ин таъсиси механизми муосир барои дастгирии барномаҳои тиҷоратии соҳибкорон ва шаҳрвандони ҷавоне, ки соҳиби тиҷорати муайян ҳастанд, арзёбӣ мегардад. Бинобар он, ки аксарият дар деҳот зиндагӣ мекунанд, дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон намудҳои гуногуни соҳибкориро роҳандозӣ кардан мумкин аст, масалан таъсиси хоҷагиҳои ёрирасони боғдорӣ, парвариши картошка, ҷамъоварии асал ва дигар корҳои деҳот.
Барои ҳавасмандгардонии соҳибкорони ҷавони оянда таъсиси мехнизми дастгирӣ ва омодасозии (таълиму таҷрибаомӯзӣ, таъмини шароити маишӣ, маблағгузории) соҳибкорони ҷавон ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд. Дар давоми таҳсил соҳибкорони ҷавонро (ояндаро) метавон ба гурӯҳҳо тақсим кард ва дар самти таъсиси корхонаҳо, коргоҳҳо ва татбиқи фаъолияти муосири соҳибкорӣ омӯзиш дод.
Бешубҳа, барои ноил шудан ба ин ҳадаф, рушди соҳибкории ҷавонон, пеш аз ҳама истифодаи шароити мавҷуда, захираҳои сармоягузории дохилӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ зарур аст. Аз ин рӯ, зарурати роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ (грантҳо) ва татбиқи самараноки фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, ҳамчунин маркази омодасозии лоиҳаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла дар ҳошияи рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва инноватсионӣ барои ташкили фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷавонон ба миён омадааст. Ин ташаббус, дар навбати худ метавонист ба шуғлнокии ҷавонон тавассути рушди тиҷорати хурду миёна таъсири мусбат расонад.
Зарур аст, ки имкониятҳо, захираҳо ва иқтидори бахши тиҷорат, ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун як ниҳоди муштарак муттаҳид карда шаванд ва дар заминаи таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон лоиҳаҳои муштараки иҷтимоию иқтисодӣ ва мутақобилан судманд таҳия ва амалӣ карда шаванд.
1.3.1.8 Тарбияи ватандӯстӣ ва шаҳрвандии ҷавонон
Тарбияи ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон унсури асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 «Барномаи тарбияи ҷавонони Тоҷикистон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ» -ро қабул кард.
Ташаккул ва талқин намудани тарбияи шаҳрвандӣ ва ҳамчун мерос гузоштани усулҳои хоси тарбиявӣ ба наслҳои оянда асоси раванди иҷтимоишавӣ — азхудкунии арзишҳо, эътиқодҳо, меъёрҳо, анъанаҳо ва дастовардҳои наслҳои қаблӣ мебошад.



