Сиёсати ҷавонон

- -
- 100%
- +
Аз ин лиҳоз, хурду бузурги кишварро бояд донист, ки иқтисоди бозоргонӣ тамоман равиши дигари шуғмандиро талаб мекунад, онеро ки ба талаботи Шариат низ, муносиб аст — иҷтимоишавии ҳар як шахс ва интихоби мустақилонаи роҳи зиндагӣ, аз ҷумла аз худ кардани дониш, малака, касб ва тахассуси муносб, шуғлмандӣ, фаъолнокӣ ва мутобиқшавӣ ба шароити ҷомеаи муосир.
Аз ин рӯ, дар масъалаҳои шуғлмандии ҷавонон дар баробари ҳокимияти давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ низ, ки аз оилаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва бахши хусусӣ иборат мебошад, бояд нақши фаъол дошта бошад. Иштироки бахши хусусӣ дар ташаккули захираи кадрии худ ҳолати беҳтарро тақозо мекунад, зеро ин механизм дар кишвар амалан вуҷуд надорад, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта ин низом барои ҳар як корфармо ҳатмӣ ва асосӣ аст.
Маълум аст, ки маҳаки мушкилоти бо шуғл таъмингардии ҷавонон дар Тоҷикистон ин сатҳи пасти маълумотнокӣ ва огоҳии субъектҳои калидӣ, аз ҷумла оилаҳо ва корфармоён оид ба асолат, воқеияит ва талаботи иқтисоди бозорӣ ва ё бозори меҳнат арзёбӣ мегардад.
Дар ин ҷо нақши ниҳодҳои сиёсати давлатии ҷавонон ин тарбияи ҷавонон ҳамчун оилаҳо ва корфармоёни оянда, ҳамзамон (ҳамчун механизми нав) ҷалб ва муттаҳид кардани доираҳои соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули механизми шуғлмандии ҷавонон дар шароити бозори меҳнат мебошад.
1.3.1.3 Саломатии ҷавонон
Саломатӣ неъмати бебаҳоест барои ҳама гуна талошҳо баҳри беҳтарсозӣ ва рушди вазъи иҷтимоӣ. Мувофиқан, консепсияи ташаккули тарзи ҳаёти солим омили муҳими суръат бахшидани рушди устувор, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар солҳои аввали соҳбистиқлолӣ сарфи назар аз ҳама мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон ва ҷавонон чораҳои муайян андешида шуданд.
Новобаста аз ин, дар ҷомеа шумори бемориҳои хавфнок афзоши дорад ва яке аз онҳо, ки тавлиди тарзи ҳаёти муосири одамон мебошад, ин бемории ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) аст. Мутобиқи маълумоти дастрасшуда ба ҳолати имрӯза дар саросари ҷаҳон 39,9 миллион нафар бо ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекунанд ва 4,5 миллион нафари онҳо мубтало будани худро ба ин беморӣ намедонанд. Сеяки онҳое, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ҷавонони аз 15 то 24 сола мебошанд. Дар соли 2023, 630 ҳазор нафар аз бемориҳои марбут ба СПИД фавтиданд. Аз ибтидои мубталошавӣ (с.1981) то имрӯз 88,4 миллион нафар ба ВНМО гирифтор шуда, 42,3 миллион нафар аз ин беморӣ фавтидаанд [49].
Ба ҳолати январи 2021 дар Тоҷикистон расман 1084 (аз ибтидо 12876 нафар) ҳолати сироятёбии ВИЧ ба қайд гирифта шудааст, ки 197 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд [50]. Вазъият бо ин сироят чунин аст, ки аз соли 2001 инҷониб дар Тоҷикистон афзоиши сироятёбӣ мушоҳида мешавад, ки ҳалли муносиб ва ҳамаҷонибаро талаб мекунад.
Сабабҳои асосии ин мушкилот муносибатҳои гуногунҷабҳаи байни одамон, бахусус ҷавонон мебошанд.
Тамоюли алоқаи ҷинсии бармаҳали ҷавонон ба назар мерасад, ки ба паҳншавии сироятҳо мусоидат мекунад. Набудан ё паст будани сатҳи дониш ва маълумотнокӣ дар бораи бемориҳои хавнок ва тарбияи ҷинсӣ низ, боиси паҳншавии бемориҳо дар байни наврасон мегардад ва онҳоро аз имконияти тарзи ҳаёти солим ва муносиб маҳрум мекунад.
Мутобиқи тадқиқотҳое, ки дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон (2010—2013) гузаронида шуда буданд, сабабҳои афзоиши ҳолатҳои ҳомиладории бармаҳал, исқоти ҳамл, истеъмоли маводи мухаддир, паҳншавии сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ВИЧ/СПИД дар байни ҷавонон ин сатҳи пасти маълумотнокӣ оид ба тарзи ҳаёти солим ва малакаҳои нигоҳубини худ мебошанд.
Ин тадқиқотҳо, агарчанде куҳна ҳам шуда бошанд, вазъияти имрӯзаро низ инъикос мекунанд; тибқи натиҷагирӣ аз ин пурсишҳо 73% ҷавонон аз гузаштани ташхиси ВИЧ худдорӣ кардаанд, сарфи назар аз он ки 74,5% ҷавонон боварӣ доранд, ки санҷиши ВИЧ ба онҳо аҳамиятнок аст. Шумораи назарраси ҷавонон — 18,1% мардон ва 27,4% занон — аз оқибатҳои алоқаи ҷинсии тасодуфӣ огоҳ нестанд ва намедонанд, ки дар асл кадом ҳолат ба сироятшавӣ аз бемориҳои хавфнок оварда мерасонад. 9,3% ҷавонон тасдиқ мекунанд, ки истеъмоли маводи мухаддир ба ВИЧ ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда оварда намерасонад ва 34% онҳо қайд карданд, ки шиноварӣ ва газидани магас метавонад ба ВИЧ ва дигар бемориҳо мубтало гардонад.
Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки сарфи назар аз муқовимати мунтазам бар зидди бемориҳои махсусан хавфнок, афзоиши онҳо то андозаи зарурӣ суст намешавад; ғайр аз ин, сатҳи огоҳии аксарияти одамон, бахусус ҷавонон, паст боқӣ мемонад, ки ин боиси афзоиши паҳншавии бемориҳо мегардад.
Дар давраи гузариш, дар асри 21, маълум мешавад, ки баъзе аз мушкилоти мураккаби тандурустии ҷомеаро танҳо тавассути тағйири рафтору кирдор ва рушди малака дар самти тарзи ҳаёти солим ҳал кардан мумкин аст. Ин воситаҳо, дар навбати худ, дар заминаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дастрас мегардад. Ин тадбирҳо ба натиҷаҳои муассир оварда мерасонанд, агар онҳо бештар дар байни ҷавонон дар марҳилаи аввали ташаккулёбии шахсияти онҳо амалӣ гардида, иштироки онҳо дар ин раванд таъмин карда шавад. Ғайр аз ин, хизматрасонии тиббӣ, ки ба ҷавонон пешниҳод карда мешавад, бояд ба таври оқилона бо назардошти манфиатҳо ва ниёзҳои онҳо мутобиқ карда шуда, ҳама гуна хизматрасониҳо бояд дар шароити муносибати дӯстона расонида шавад.
1.3.1.4 Таҳсилоти муносиб барои ҷавонон
Дастовардҳои таълимӣ на танҳо ба тарзи фикрронӣ ва рафтори шахс таъсир мерасонанд, балки имкониятҳоро барои худмуайянкунии иҷтимоию фарҳангӣ низ фароҳам меоранд. Маориф муддати тӯлонӣ боз омили калидии рушди соҳаи иқтисод, воситаи муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳам ҳокимияти давлатӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Дигаргуниҳои ҷомеаи муосир, ки бо технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ алоқаманданд ва тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро фаро гирифтаанд, ҳам барои фард ва ҳам барои низоми маориф аз як тараф рушду пешрафт, аз тарафи дигар таҳдиди воқеӣ ба миён овардааст. Тартиби тадрис, санҷиши сатҳи дониш, дастрасӣ ва ё расонидани маводи таълимиро ба таълимгиранда сабук ва шавқангез гардонида, таълимгирандаро ва ҳам омӯзгорро (то андозае) бинобар дастрасии фаррохи иттилоот дар шабакаи Интернет вобаста ба таҳлилу омӯзиш, омодагӣ ба тадрис ва худфаъолӣ танбал гардонидааст.
Илова бар ин, яъне дар шароити рақамигардии муносибатҳо аксари ҷавонон ба донишҳои иттилоотӣ ва технологӣ рӯ овардаанд, ки то як андоза нуфузи маорифро поён овардааст.
Дар солҳои охир имкониятҳои нав ва воқеии талқиндиҳандаи худмуайянкунии фардӣ пайдо шудаанд, ки дараҷаи баланди маълумоти касбиро (таҳсилотро) талаб намекунанд. Барои гурӯҳи зиёди ҷавонон ин имкониятҳо хеле ҷолибанд, гарчанде онҳо дар ин роҳ одатан ба муваффақияти воқеӣ ё пойдор намерасонанд, зимнан ингуна имкониятҳо ба рушди нерӯи эҷодии фардӣ таъсири манфӣ ба бор меоранд.
Воқеан дар сурате, ки шахси ҷавон имкон дорад, ки дар бозори меҳнат, бахусус бахши тиҷорат машғули коре гардад, ки тахассус ё дараҷаи касбиро талаб намекунад, аммо бо ин машғулият даромади зарурӣ барои зиндагӣ ба даст меоранд, пас, афзалияти маълумоти касбӣ то андозае паст мегардад ва ҷавонон ба таҳсил ва омӯзиши ихтисоси касбӣ кушиш накарда, ҳанӯз аз айёми навҷавонӣ (бармаҳал) ба бозори меҳнат мебароянд.
Дар ҳамин асно, омили хатарнок, ҳатто дар дараҷаи аввал на бӯҳронҳои иқтисодӣ ва на сиёсӣ, балки камсаводии ҷомеа, бахусус ҷавонон (аксарият) — надоштани маълумоти касбӣ, паст будани сатҳи дониши маънавию ахлоқӣ, машғул шудан ба беҳудагардию айшу ишрати аз ҳад зиёд, мувофиқан дучор омадан ба ҷомеаи дорои мафкураи пасти миллӣ (худшиносӣ, худогоҳӣ) арзёбӣ мегардад.
Ҷавонон ба арзишҳои моддӣ диққати зиёд медиҳанд ва мустақиман дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ба таври фаъол иштирок намекунанд. Ба ғояҳои сиёсӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, ватандӯстӣ ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ насли имрӯзаи ҷавонон таваҷҷӯҳи кам доранд.
Дар баробари ин, мутобиқи таҳлилҳо шакли (низоми) имрӯзаи таҳсилот талаботи ҷавононро то дараҷаи лозима қонеъ намегардонад, бахусус ҷиҳати мавқеъгирӣ дар бозори меҳнат фишангҳои муосирро, аз қабили ҳамкорӣ бо кордиҳандагон (ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ), омодасозии мутахассисон дар доираи фармоишҳои махсус, мутобиқати касбҳои тахассусӣ ба бозори меҳнат ва ғайраро надорад.
Дар кишвар байни талаботи бозори маориф ва бозори меҳнат номувофиқатии зиёд дида мешавад ва дар натиҷа ҳазорҳо ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти касбӣ наметавонанд ҷойи кори муносиб пайдо кунанд.
Дар соли 2025 шумораи умумии хатмкардагон, яъне мутахассисон 77,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аз ин 59,2% бо маълумоти дараҷаи олии касбӣ (духтарон-50%), 29,8% бо маълумоти дараҷаи миёнаи касбӣ (духтарон-43,9%) ва 11% бо маълумоти дараҷаи ибтидоии касбӣ (духтарон-6,1%) ба бозори меҳнат баромадаанд [51, с.8].
Дар ҳамин давра мактаби таҳсилоти умумиро 186,3 ҳазор нафар хатм карда, 46,3% (86,2 ҳаз.) аз ин таносуб ба таҳсилоти ояндаи касбӣ роҳ наёфтаанд.
Ҳамин тариқ, дар соли 2025 ба бозори меҳнат, албатта, ҳамчун захираи озоди меҳнатӣ ва ё эҳтиёҷманд барои ҷойи корӣ 163,4 ҳазор нафар баромадааст. Аз ин таносуб ҳамагӣ 47,2% соҳиби маълумоти касбӣ буда, бақия (86,2 ҳаз.) дараҷаи маълумоти миёна доранд [52, с.8].
Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар соли 2024 ба 24,8 ҳазор нафар (32,1%) хатмкардагон мақоми бекорӣ дода шудааст, яъне мутахассисони нави ба бозори меҳнат баромада, натавонистаанд, ки бо ҷойи корӣ таъмин шаванд. Аз ин таносуб ба мутахассисони (шаҳравандорни) дорои мақомӣ бекор аз рӯи дараҷаи таҳсилот: 15,7% бо маълумоти дараҷаи олии касбӣ, 23,4% бо маълумоти дараҷаи миёнаи касбӣ, 19,4% бо маълумоти дараҷаи ибтидоии касбӣ ва 41,5% бо таҳсилоти миёнаи умумӣ рост меояд [53, с.143].
Аз инҷо бармеояд, ки қисми назарраси хатмкардагон натавонистанд аз рӯи тахассуси касбии хеш ҷойи кор пайдо кунанд. Аз ин гурӯҳ аксаран ҷавонони дорои дараҷаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бекор мондаанд, гарчанде дар шароити бозори муосири меҳнат маҳз ҳамин гурӯҳ бояд аввалин шуда, ҷойи кор пайдо кунанд.
Вазъият дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонони бекори дорои дараҷаи маълумоти миёнаи умумӣ (41,5 аз шумораи умумии хатмкардагон) низ, нигаронкунанда аст.
Таҳлилҳои боло номувофиқатии барномаҳои таълимии омодасозии кадриро бо талаботи бозори меҳнат ва ё камфаъолии соҳаҳои маориф ва шуғлу меҳнати кишварро инъикос менамояд.
Дар ин ҳошия мушкилоти дигар, ин коҳиш ёфтани сатҳи донишандӯзии ҷавонон дар давраи пас аз хатми мактаби миёна мебошад. Ҳудудан нисфи хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, беш аз 100 ҳазор нафар аз идома додани таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ худдроӣ мекунанд ва ё роҳ намеёбанд; ҳарду сабаб дар шароити имрӯзаи муносибатҳои иҷтимию иқтисодӣ, ки ба принсипи бозорӣ асос меёбанд, нигароникунанда аст.
Чи тавре аз рақамгузориши боло дида мешавад, дар ин давра ҳамчунин омили коҳиш ёфтани таносуби таҳсили касбии писарон ҷой дорад, яъне агар таносуби хатми мактаби миёна бештар ба писарон рост ояд, пас ин пешравӣ дар зинаи таҳсилоти касбӣ ба духтрон насиб мегардад.
Аз инҷо бармеояд, ки тамоюли коҳишёбии маълумоти касбии мардон ҷараён дорад, ин омил дар шароити иқтисоди бозорӣ ва шуури ҷамъиятӣ (менталитет) ва ё фарҳанги тарбияи оилавии мо хеле ташвишовар аст.
Мушкилоти дигар дар ҷумҳурӣ ин фарогирии нокифояи духтарон бо маълумоти олии касбӣ ба шумор меравад.
Тавре дар рақамгузориши боло нишон дода шудааст сатҳи хатми писарон ва духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муътадил аст, аммо ин нишондиҳанда дар стаҳи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, бахусус дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ номуътадилӣ ва номуназзамӣ ба миён меорад. Аммо, ин нишондод барои ҷавонзанон бо назардошти маданияти тарбияи шарқӣ ва ё шуури ҷамъиятӣ бояд устувортар бошад, яъне онҳо бояд маълумоти касбии дастрасро (ибтидоӣ ва миёнаро) дар наздикии макони зисти худ имконияти аз худ кардан (омӯхтан) дошта бошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии аз таҳсилоти олии касбӣ дур мондани гурӯҳи зиёди духтарон бинобар маҳдудият ва ё монеагиҳои калонсолон, аз ҷумла волидон аст. Умуман, дар ҷаҳон, бештар дар Шарқ чунин тамоюл роиҷ аст, ки занон имкони дар зиндагӣ баробар бо мардон пешравиро надоранд ва ин табиист, чун зан ба маънои том заиф аст ва на ҳамеша ба тазодҳои ҳаёт истодагарӣ карда метавонад. Яъне, чунин муносибат на танҳо монеаи сунъӣ, балки ҳамчун имконияти маҳдуди табиӣ низ арзёбӣ мегардад. Аммо ин маънои онро надорад, ки занон ҳуқуқи гирифтани маълумоти олии касбиро баробар бо мардонро надоранд, зеро зан-модар мураббии ҳамаи инсонҳои рӯи замин аст, зимнан маҳз маълумотнокии (донишмандии) зан боиси тарбияи шахсияти комил ва пешрафти ҷомеаи устувор шуда метавонад.
Боиси зикр аст, ки чунин муносибат ва ё рафтори насли калонсол аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳамчун поймол кардани ҳуқуқ арзёбӣ мегардад ва оқибати ҷавобгарии ҷиноӣ низ дар аксари кишварҳо дорад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» амал мекунад, ки дар ҳошияи муқовимат ба ҳамин гуна рафтоҳои номатлуб қабул шудааст. Баъзе аз намояндагони насли калонсол, махсусан дар деҳот талаботи шариати Исломро асоснок мекунанд, ки занон бо мардон ҳуқуқҳои баробар надоранд, ки дар асл иштибоҳ ва нодуруст аст. Дар китоби муқаддаси Қуръон оварда (амр) шудааст, ки тарбияи фарзандро (додани маълумот, донишро) волидон бояд ба таври комил анҷом диҳанд. Яъне, мутобиқи шариат ҳама дар назди Худо баробаранд ва ҳама ҳуқуқҳои баробар доранд, аз ҷумла дар таҳсил.
Ҳамин тариқ, барои таъмини таҳсилоти шоистаи ҷавонон ва рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодии ҷомеа зарур аст, ки шароити муносиб фароҳам оварда шавад.
Барои худфаъолии ҷавонон таҳияи чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодиро барои корхонаҳо ва муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фондҳои хайриявӣ ва дигар ташкилотҳо ва афроде, ки барои дастгирии ҷавонон даъват шудаанд, тақозо мегардад.
Сиёсати давлатӣ оид ба рушд ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ҳамчун сиёсати умумии рушди захираҳои инсонӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои таъмини таҳсилоти муносиб ва босифат барои ҷавонон бояд мутобиқи талаботи ҷомеаи муосир, аз ҷумла дар заминаи рушди технологияи иттилоотию рақамӣ анҷом дода шавад.
Тақвият ва аз нав ташкил кардани ҳаракатҳои донишҷӯён дар заминаи муассисаҳои таълимӣ тавассути ташкили ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва ихтиёрии ҷавонон хеле саривақтӣ аст. Муҳим аст, ки идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии низоми тарбиявии ҷавонон ва наврасон ба як ё якчанд ниҳоди ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои ҷавонон ва ё иттҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон вогузор карда шавад, зеро ин низом ҳоло дар ҳолати заиф ва номуносиб қарор дорад.
Дар ҷаҳони муосир шаклҳои гуногуни таҳсилот, аз қабили фарогир, фосилавӣ, иловагӣ, ғайрирасмӣ ва ғайра пайдо шудаанд. Акнун шахси ҷавон метавонад дар ҳар ҷо ва дар вақти муносиб барои худ таълим гирад. Дар шароити Тоҷикистон, бахусус бо назардошти хусусиятҳои тарбияи маърифати миллӣ рушди низомҳои таълими ғайрирасмӣ ва фосилавӣ метавонад ба ҳавасмандгардонӣ ва зиёд шудани шавқи ҷавонон ба таҳсил мусоидат кунад.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки танҳо он давлатҳо ва ё ҷомеаҳо метавонанд ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, техникӣ ва эҷодӣ ноил гарданд, ки ҷавонони онҳо бо кор ва таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳудудан ҳамаи имкониятҳои зарурӣ барои самти тахассуснокӣ ва касбии ҷавонон дар заминаи демократикунонии ҷомеа мавҷуданд; аммо, рушди ин низом дар ҳамоҳангӣ бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ масъулияти дигар аст, ки онро дар ин самт мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон роҳбарӣ карда метавонад.
1.3.1.5 Таъминоти иҷтимоии ҷавонон
Низоми таъмини кӯмак ва дастгирии иҷтимоӣ барои ҷавонон иборат аст, аз бартараф кардани ниёзҳои муҳими ҷавононе, ки дар вазъиятҳои душвор ва низоъ қарор доранд, барқарорсозии иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароит барои иштироки минбаъдаи онҳо дар ташаккули ҳаёту фаъолияти комил мебошад.
Давлат барои коҳиш додани шиддати иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ва тақвияти низоми хизматрасонии дастрас ва муносиб барои ҷавонон аз табақаҳои осебпазир (маъюбон, ятимон, кӯдакони бесарпаноҳ) чораҳои фаврӣ меандешад, инчунин ҷиҳати муқовимат бо паҳншавии нашъамандӣ, майзадагӣ, ҷинояткорӣ, қочоқи инсон, тундгароӣ ва экстремизм дар байни наврасон ва ҷавонон мунтазам чораҳо амалӣ менамояд.
Мувофиқан, вазъияти ҷавонон аз нигоҳи таъминоти иҷтимоӣ рӯз аз рӯз беҳтар мешавад, дар баробари ин, мушкилоти гуногун дар байни гурӯҳҳои осебпазири ҷавонон афзоиш меёбад. Масалан, ҷавонони маъюб — шахсони маъюб, ятимон ва кӯдакони кӯчагард ба хизматрасонии маориф ва тандурустӣ дастрасии маҳдуд доранд. Аз як тараф, ҳамаи дарҳо барои ин гурӯҳҳо кушодаанд; аз тарафи дигар, меъёрҳои ҳуқуқӣ, таълимӣ ва инфрасохторӣ имкон намедиҳад, ки хизматрасонии зарурӣ таъмин карда шавад. Тибқи омори расмӣ дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 51 мактаби махсус фаъолият мекард, ки ба 13355 кӯдак (68,4% духтар) аз гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла шахсони маъюб (шумораи умумии шахсони маъюб беш аз 147000 нафар), ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат хизмат мерасонданд [54, с.21].
Вобаста ба кӯдакони кӯчагард дар айни замон омори махсус пеш бурда намешавад, аммо тибқи маълумоти тадқиқотӣ шумораи онҳо тақрибан 13000 нафар аст. Бисёре аз онҳо дар шаҳрҳои калон зиндагӣ мекунанд ва ба фаъолиятҳое машғуланд, ки барои саломатии онҳо номусоид ва зарароваранд, ба монанди шустани мошинҳо, кашондани бор, гадоӣ ва ғайра.
Инсон дар ҳаёт якчанд маротиб ба фурсат ва ё имконияти интихоб пешорӯ мегардад, мувофиқан интихоби дуруст ба муваффақият ва интихоби нодуруст ва нокомӣ мерасонад. Яке аз ин фурсатҳо дар давраи ба балоғатрасии шахс, синни 14—18 солагӣ пешорӯ меояд.
Дар ин давраи камолот кӯдакони ятим бори нахуст ба имконияти интихоб дучор мегарданд, яъне ба онҳо фурсат дода мешавад, ки таҳсилро дар мактаб-интернат барои дарёфти дараҷаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳанд ё инки барои омӯзиши касб ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва ё миёнаи касбӣ дохил шаванд. Албатта, ин интхоб осон нест, чун мавриди интихоби таҳсилоти касбӣ шахси ятим бояд 1) ба масофаи муайян аз ҷйи истиқоматӣ, мактаб-интернат дур равад, 2) ҳар рӯз хароҷоти роҳ ва хӯрок лозим мегардад, 3) пас аз синни балоғат, 18-солагӣ мактаб-интернатро тарк кардан лозим меояд, ин аз як тараф; аз тарафи дигар, дар ин давраи синнусолӣ шахси ҷавон (ятим) чун осебдида аст, бояд барои фаъолияти меҳнатии ояндаи наздики хеш пайроҳаи касбӣ ва ё ихтисоси кушояд.
Амри рисолат он аст, ки тибқи қонунгузорӣ пас аз ба синни балоғат расидан муҳлати парастории мактаб-интернат нисбат ба кӯдаки ятим ба анҷом мерасад, зимнан ӯ мактаб-интернатро бояд тарк карда, ба ташаккули ҳаёти мустақилона пардозад.
Тибқи таҳлили 10 мактаб-интернатҳои интихобӣ маълум гардид, ки ҳамасола ҳудудан 3—4% таълимгирандагон мактаб-интернатро хатм карда, ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дохил мешаванд, дар ҳамин зимн мактаб-интернатро тарк менамоянд.
Мутобиқи таҳлили як давраи 5-сола ятимони наврас дар соли 2018 ба таҳсилоти олии касбӣ майл доштаанд, аммо то соли 2022 ин тамоюл тағйир ёфта, онҳо бештар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шудаанд. Дар шароити ҷомеаи муосир, сарфаи маблағ ва вақт ин тамоюли интихоби зинаи таҳсилоти касбӣ хуб аст ва боиси дастгирӣ аст, аммо масъалаи бо ҷойи хоб таъмин намудани ятимону бепарасторон — тарафи дигари масъала аст, ки дар ҳолати имрӯза ва иқтидори техникию ташкилӣ ва манзилии коллеҷҳо мушкилбор мебошад.
Таъминот бо манзил ва ё макони истиқоматӣ на танҳо барои гурӯҳҳои осебдида, балки барои кули навхонадорони ҷавон мушкилбор аст, зеро мамлакат, ки кӯҳсор аст, замин ва ё майдони мутобиқ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ хеле кам аст, дар баробари ин афзоиши аҳолӣ ҳамасола ба беш аз 2% баробар аст. Агар дар солҳои 90-ум 4,5—5 миллион аҳолӣ буд, пас соли 2023 ин рақам ду маротиб бештар гардида, ба 10 миллион нафар расид.
Аз ин ҷо бармеояд, ки сиёсати демографӣ вобаста ба талаботи маишии аҳолӣ ва меъёрҳои шаҳрсозӣ ё бунёди манзилҳои истиқоматӣ бояд таҷдиди назар карда шавад, аз ҷумла масъалаи бунёди маҳаллаҳо ва ё шаҳракҳо дар кӯҳтеппаҳо барномарезӣ карда шавад.
Аз таҳлили боло бармеояд, ки таносбуи шумораи кӯдаконе, ки бо хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, хеле кам мебошад, теъдоди зиёди кӯдакони осебдида, аз ҷумла кӯдакони кӯчагард ва маъюб аз куамку дастгириҳои иҷтимоӣ фориғанд. Зимнан, ин мушкилот боиси афзоиши ҷинояткорӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон гардидааст, яъне мушкилоти дигарро ба бор овардааст, ки ташвишовар арзёбӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосии таъминоти иҷтимоӣ, ин бартарафсозии бекорӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон мебошад. Афзоиши табиии солонаи аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 260 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки суръати миёнаи афзоиши солонаи шуғлнокӣ дар иқтисодиёт, ба ҳисоби миёна то 70 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, яъне ҳамагӣ 27 фисади талабот қонеъ карда мешавад [55, с.54].
Шумораи бекорон (расман ба қайд гирифташуда) 51,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аз ин 30,1 ҳазор нафар ҷавонон мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки аксари бекорон — 58,6 фисад ҷавонон мебошанд. Тибқи маълумоти тадқиқотӣ сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон ба 76,6% (ҷавонзанон-30%) мерасад, яъне ду баробар бештар нисбат ба омори расмӣ. Дар ин ҷо, номувофиқ омадани рақамҳои оморӣ ба он асос меёбад, ки на ҳамаи бекорон дар хадамоти шуғл худро ба қайд гузоштаанд [56, с.75].
Боиси зикр аст, ки дар тадқиқоти боло сатҳи бекорӣ ва бешуғлӣ аз ҳам ҷудо карда нашудааст. Яъне, шумори муайяни ҷавононе, ки ҳамчун бекор дониста шудаанд, машғули фаъолияти меҳнатӣ дар бозори ғайрирасмӣ (мардикор, фрилансер, хонакор ва ғ.) ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд ва таносуби ин омор номуайян боқӣ мемонад, чун омори расмӣ дар ин самт пеш бурда намешавад. Аммо мушкилоти бекорӣ дар байни ҷавонон ташвишовар боқӣ мемонад.
Афзоиши сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон аз якчанд сабабу омилҳо вобастааст, аммо муҳимтаринаш таҳсил ва тамоюли касбӣ мебошад. Шумори зиёди бекорон маълумоти мактабӣ (дарафаи маълумоти миёна) доранд, зимнан аксари онҳо дар бозори меҳнат наметавонанад мавқеъгир бошанд.
Илова бар ин, бекорӣ дар Тоҷикистон чун дар кишварҳои минтақа бисёрҷанба буда, барои ба сатҳи шахсият расидани фард таъсири зиёди манфӣ дорад, ҳамчунин оила, давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бозори меҳнат ва маориф низ таъсири манфӣ мерасонад. Барои мавқеъгирии фард дар ҷомеа ҷавонон ба маълумоти зарурӣ фаро гирифта намешаванд, онҳо ба маърифати иқтисодии ҳайт тарбия карда намешаванд, илова бар ин ба шахси ҷавон, мерос аз идеологияи Шӯравӣ, интизориҳои носолим ва эътимод ба он, ки дар ояндаи наздик ба онҳо таъмин бо шуғл (ҷойи кор) кафолат дода мешавад, талқин дода мешавад. Маҳаки ин тарбияи нокомил дар он аст, ки наслҳои то соли 90-ум дар фазои Шӯравӣ тарбия ёфта буданд ва дар воқеъ дар даврони Шӯравӣ таъмин бо ҷойи кор ба шахси ҷавон кафолат дода мешуд чун тамоми инфрасохтори ҷомеа таҳти инҳисори (монополияи) давлати Шӯравӣ қарор дошт, имрӯз бошад, ин ҳолат баръакс аст, яъне кулли имкониятҳо ва ё захираҳо дар ихтиёрдории ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Таъсир ва ё муқовимати ниҳоҳдҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо бекорӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон амалан ноаён аст, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мустақиман дар таълим, тарбия ва тамоюли (роҳнамоии) касбӣ ба ҷавонон, махсусан дастгирии ҷавонони дорои мақоми маъюбӣ, иштирок мекунанд, то онҳо худро танҳо, нотавон ва ё осебпазир ҳис накунанд. Аҳамиятнокии ин тарзи корбарӣ дар он аст, ки ҷавонон дар рӯҳияи мустақилона пайдо кардани мавқеи касбии худ тарбия карда мешаванд.
Дигари мушкилоти иҷтимоии мубрам дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ (дар байни гурӯҳҳои мақсаднок) ҷой дорад, — сатҳи пасти тахассус, надоштани малакаи ва ё дараҷаи касбӣ, паст будани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқӣ, надонистани забони хориҷӣ ва талаботи бозори меҳнат кишварҳое, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд.
Дар ҷомеаи муосир муҳоҷирати меҳнатӣ на ҳамчун мушкилот, балки зарурат, қисми ҳаёти гурӯҳи муайяни одамон ба ҳисоб рафта, сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро муайян мекунад. Ҳамчунин, барои баъзе гурӯҳҳо он ҷанбаҳои фарҳанг ва анъанаҳои миллиро ташкил медиҳад [57, с.99].
Муҳоҷирати меҳнатӣ дар асл фаъолияти дорои хусусияти манфӣ нест, чуноне ки дар аксари мавридҳо он ҳамчун мушкилот эътироф ва баррасӣ карда мешавад. Муҳоҷирати меҳнатӣ тарзи ҳаёти табақаи муайяни шахсоне мебошад, ки барои худкифоӣ, фаъолияти меҳнатӣ, соҳиби шуғл шудан ва беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ дар ҷомеа талош мекунанд.



